БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОНИ МАСЪУЛИЯТШИНОС
Дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён вохӯрии судманд доиргардид.
Зимни вохӯрӣ Абдумалик Сафаров, мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ ва Наҷибуллои Сайвалӣ, мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ, вобаста ба масъалаи мавриди баррасӣ баромад намуда, андешаҳои худро баён карданд.
Зимни баромадҳо ба аҳаммияти огоҳии ҳуқуқӣ, риояи қонунгузорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки ҷавонон бояд бо донишандӯзӣ, ҷаҳонбинии солим, эҳтироми қонун ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng