Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷашни бостонии Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса, риояи тамоми анъанаҳои миллӣ ва иштироки васеи устодону донишҷӯён таҷлил гардид.

Дар чорабинии бошукӯҳи идона устодону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ва соҳибкории Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбарияти донишгоҳ, садорати факултетҳо, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Меҳмонон ва иштирокчиён аз намоишгоҳи идона дидан намуда, бо дастовардҳо, маҳсули заҳмати донишҷӯён, анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва ороишоти хоси ҷашни Меҳргон шинос шуданд. Намоишгоҳ таҷассумгари меҳнатдӯстӣ, фаровонӣ, баракат ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик буда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни Меҳргон самимона табрик гуфт. Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёитабор ба шумор рафта, дар фарҳанги миллии мо ҳамчун рамзи ҳосилғундорӣ, фаровонӣ, баракат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ҷойгоҳи махсус дорад.

Ҳамзамон, мавсуф иброз дошт, ки таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ барои баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва фарҳангии ҷавонон, тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои неки ниёгон аҳаммияти бузург дорад. Маҳз тавассути эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ метавон насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ тарбия намуд.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Рухшона Каримзода иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ табрик гуфт. Зимни суханронӣ зикр гардид, ки Меҳргон ҳамчун ҷашни қадимаи кишоварзӣ ва рамзи меҳнату баракат мардумро ба дӯст доштани замин, қадр кардани заҳмати инсон, истифодаи самараноки неъматҳои табиат ва арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ҳидоят менамояд.

Ҳамчунин, нақши чунин чорабиниҳоро дар таҳкими ваҳдати миллӣ, густариши эҳсоси ҳамбастагӣ, баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон дар ҷомеа ва тарғиби фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Донишҷӯён бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин, рақсҳои миллӣ, навоҳои форам ва саҳначаҳои тарбиявию фарҳангӣ ба чорабинӣ шукӯҳи дигар бахшиданд.

Махсусан, муаррифии либосҳои миллӣ, ки таҷассумгари зебоӣ, назокат, ҳунари воло ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошанд, аз қисматҳои ҷолиби барномаи идона ба шумор мерафт. Иштирокчиён бо намоиши либосҳои суннатӣ ва муосири миллӣ анъанаҳои зебои либоспӯшии тоҷиконро муаррифӣ намуда, ҳусни баланди завқи эстетикӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллиро нишон доданд.

Чорабинии мазкур дар фазои идона ва бо эҳтироми хосса ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик баргузор гардида, ҳадафи асосии он арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, эҳёи суннатҳои мардумӣ, таҳкими дӯстиву ҳамкории фарҳангӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар замири ҷавонон буд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА