30 октябр дар толори конфронсии донишгоҳ маҳфили навбатии илмии донишгоҳии «Дурахши илм» доир гардид, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст Ҷовидон Халифазода аҳаммияти маҳфилҳои илмиро дар рушди тафаккури таҳлилӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки «Дурахши илм» барои дастгирӣ намудани истеъдодҳои ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас, Нилгуна Абдулҳақова, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ дар мавзуи «Шаҳри ҳушманд ва рақамикунонии муҳити шаҳри Душанбе» маъруза карда, масъалаҳои рушди иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар идоракунии шаҳр, нақлиёти ҳушманд, хизматрасониҳои электронӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва рақамикунонии соҳаҳои маорифу тандурустиро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, маърузакунанда оид ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ ва истифодаи низоми электронӣ дар идоракунии ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ маълумот пешниҳод кард.

Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ, саволу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт. Донишҷӯён вобаста ба мавзуи баррасишуда андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас доданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия