БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАҲКИМИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ
Рӯзи 19-уми сентябри соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки кормандони хоҷагию маъмурии донишгоҳ вохӯрӣ доир гардид. Дар ҷараёни ин вохӯрии судманд муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ Диловаршо Муродзода, ҳуқуқшиноси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Саъдизода ва сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов ибрози андеша намуданд.
Нахуст, ҳуқуқшиноси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Махкам Саъдизода дар мавзуи татбиқи амалии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қонунгузории марбут ба ин самт суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҷиҳати иҷрои 13 банди стратегияи мазкур дар ДДМИТ миёни кормандон пайваста суҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд.
Диловаршо Муродзода оид ба тозаву озода нигоҳ доштани дохил ва гирду атрофи донишгоҳ, нигоҳубини гулзорҳо, иштирок дар шанбегиҳо ва истифодаи либоси махсуси корӣ сухан гуфта, аз кормандон даъват намуд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова бошад, дар бораи риояи қонунгузорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳанги иҷтимоии шаҳрвандон суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки танзими расму оинҳо ба маънои маҳдуд намудани арзишҳои миллӣ набуда, баръакс, барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва пешгирии зиёдаравӣ мусоидат мекунад.
Номбурда дар идома оид ба нақши Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Коррупсия дар соҳаи маориф метавонад эътимоди ҷомеаро коста гардонад ва барои пешгирии он иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа зарур аст.
Сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов дар навбати худ дар бораи нақши ҷавонон дар ҷомеа, аҳамияти омӯзиш, тарзи ҳаёти солим, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, технологияҳои муосир, варзиш ва дигар корҳои созанда сухан гуфт. Ба андешаи мавсуф, машғул шудан ба фаъолияти муфид ҷавононро аз роҳҳои нодуруст ва кирдорҳои номатлуб эмин нигоҳ медорад.
Ҳамзамон, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ ибрози назар карда шуд. Таъкид гардид, ки бекорӣ, дур мондан аз таълиму тарбия, надоштани шуғли доимӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба касбу ҳунар аз омилҳои осебпазир шудани баъзе ҷавонон ба таъсири гурӯҳҳои ифротӣ мебошанд.
Меҳрона Ҳакимова, ҳамшираи тиббии донишгоҳ бошад, оид ба пешгирии бемориҳои мавсимӣ, риояи тозагӣ дар утоқҳои таълимӣ ва зарурати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуд.
Дар анҷом байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, кормандони хоҷагӣ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон посухҳои мушаххас гирифтанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng