Санаи 22 сентябри соли равон бо иштироки намояндагони раёсати ташкилию тарбиявӣ, садоратҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, эдвайзеронон ва донишҷӯёни факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор, иқтисод ва идоракунии давлатии донишгоҳ чорабинии тарбиявию адабӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ - сипоҳсолори шеъру адаби форсӣ» доир гардид.

Чорабиниро эдвайзери оид ба тарбияи факултети ҳисобдорӣ ва омор Исматулло Ҷумаев оғоз намуда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба санаҳои муҳими таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, онҳо дар сатҳи гуногун таҷлил карда мешаванд. Дар ин миён, Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллати тоҷик, муаррифии осори классикон ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ миёни насли ҷавон Рӯзи Рӯдакӣ аз соли 2002 инҷониб тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Дар идома муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова иброз намуд, ки 1150-солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 2008 бо иштироки ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон таҷлил гардид. Дар доираи ин сана дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню-Йорк, Берлин ва як қатор кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Афғонистон ва Туркия ҳамоишу нишастҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор шуданд. Ин иқдом барои муаррифии мероси адабии Рӯдакӣ ва фарҳанги тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дошт.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо профессори кафедраи забони тоҷикӣ Наргис Аслонова дар мавзуи лирикаи Рӯдакӣ маъруза намуда, хусусиятҳои забон ва услуби ашъори шоирро мавриди таҳлил қарор дод. Н. Аслонова зикр сохт, ки мероси шоир дар ташаккул ва рушди забони адабии тоҷикӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ба нақши осори Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ва худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид ва аз осори устод Садриддин Айнӣ, аз ҷумла асари маъруфи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» ёдоварӣ карда шуд, ки дар он ба ҷойгоҳи адабиёти классикии тоҷик ва нақши чеҳраҳои барҷастаи он таваҷҷуҳи хосса дода шудааст.

Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун поягузори адабиёти классикии тоҷику форс ва яке аз бузургтарин суханварони асрҳои миёна дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми вижа дорад. Осори боқимондаи ӯ то имрӯз аҳамияти баланди адабӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ дошта, барои омӯзиши таърихи забон ва фарҳанги тоҷик сарчашмаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Мероси адабии Рӯдакӣ бо забони адабии муосири тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Содагӣ, равонӣ ва маънои баланди ашъори ӯ боис гардидааст, ки осораш дар тули садсолаҳо мавриди таваҷҷуҳи аҳли илму адаб ва ҷомеа қарор дошта бошад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА