СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ ОИД БА ТАҲИЯ ВА ПЕШНИҲОДИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМӢ
Рӯзи 22 сентябри соли равон бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ семинари илмӣ-методӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ-фармоишӣ, ки аз ҷониби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, доир гардид.
Қутбиддин Муқимзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия мақсади семинарро баланд бардоштани сатҳи омодасозии лоиҳаҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ ва тавсеаи имкониятҳои маблағгузории таҳқиқоти илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ муаррифӣ намуд. Номбурда масъалаҳои муҳими марбут ба таҳия, такмил ва пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ-фармоиширо мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қабули лоиҳаҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро барои маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2028 аз 1 сентябр то 31 декабри соли 2026 ба роҳ мондааст.
Дар ин асос, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муҳаққиқон метавонанд лоиҳаҳои илмӣ ва илмӣ-техникии худро тибқи талаботи муқарраргардида дар ду нусха омода намуда, барои гузаронидани экспертиза ва баррасии масъалаи маблағгузорӣ пешниҳод намоянд.
Дар идома Иномҷон Аминов профессори кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ, ки дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад, таҳия ва пешниҳоди босифати лоиҳаҳои илмиро яке аз омилҳои муҳими рушди таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими заминаи илмӣ-таҳқиқотии кишвар дониста, аз фаъолияти кории худ дар ин самт сухан ронд.
И. Аминов ба иштирокчиён оид ба талаботи методӣ ва тартиби дурусти омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардид.
Дар ҷараёни семинари илмӣ-методӣ иштирокчиён бо талаботи асосии таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, тартиби пешниҳоди онҳо барои гузаштан аз экспертиза, инчунин, масъалаҳои марбут ба маблағгузории лоиҳаҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ шинос шуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Тоҷ
Рус
Eng