Рӯзи 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори конфронсии донишгоҳ бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии ниёгон, омӯзиши осори сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, баланд бардоштани маърифати адабӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ - сипаҳсолори шеъру адаби форсӣ» доир гардид.

Маҳфилро муовини ректор оид ба илм, н.и.и., дотсент Қутбиддин Муқимзода ифтитоҳ намуда, оид ба мақоми устод Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ва нақши арзишманди эшон дар ташаккул ва рушди адабиёти классикии форсу тоҷик суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки устод Рӯдакӣ бо истеъдоди нодири суханварӣ ва осори пурғановати хеш дар таърихи фарҳангу адабиёти тоҷик мақоми хосса дошта, ашъори ӯ аз андешаҳои баланди ахлоқӣ, хирадмандӣ, донишомӯзӣ ва сабақҳои ибратомӯзи зиндагӣ саршор мебошад.

Дар идома муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова доир ба мақоми таърихию адабии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ андешаронӣ намуда, ба ташкилкунандагони маҳфил ва саҳмгузорӣ дар баргузории чунин чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Сипас, роҳбари маҳфил Нигина Сироҷова дар мавзуи «Рӯдакӣ - вассоф ва тараннумгари шеъру адаби форсӣ» маъруза намуда, паҳлуҳои гуногуни фаъолияти адабии шоир ва саҳми ӯро дар ташаккули анъанаҳои шеъру суханварии форсӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба таъкиди номбурда, осори Рӯдакӣ бо забони равону фасеҳ, тасвирҳои муассир ва мазмунҳои баланди инсонӣ аз ҷумлаи мероси пурарзиши адабиёти классикӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин, профессори кафедраи забони тоҷикӣ Наргис Аслонова дар мавзуи «Лирика дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ» суханронӣ намуда, хусусиятҳои жанрӣ ва мавзуии ашъори лирикии шоирро мавриди таҳлил қарор дод. Дар баромад масъалаҳои муҳаббат ба зиндагӣ, табиат, дӯстӣ, ишқу муҳаббат, панду ахлоқ ва андешаҳои фалсафии шоир баррасии гардиданд.

Дар бахши фарҳангӣ донишҷӯён бо маърузаҳои илмӣ, қироати намунаҳо аз ашъори устод Рӯдакӣ ва баромадҳои адабӣ фаъолона иштирок намуданд.

 

Савринисо ДАВЛАТОВА