Санаи 22.09.2026 с. дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон чорабинии маърифатӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ - нишонаи тамаддун ва фарҳанги тоҷикон» доир гардид.

Нахуст, декани факултет Мастура Буризода иброз дошт, ки либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, дар тарҳу нақш, ранг ва ороиши он таъриху тамаддун, ҳунари мардумӣ ва завқи зебоипарастии миллати тоҷик таҷассум меёбад.

Мастура Буризода донишҷӯёнро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуда, таъкид кард, ки забономӯзиро бояд ба яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳаррӯзаи худ табдил диҳанд. Қайд гардид, ки донистани забонҳои хориҷӣ барои рушди дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти касбии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас, сармутахассиси раёсати тарбия Маҳбуба Ғафорова дар бораи аҳамияти риояи фарҳанги либоспӯшӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва нақши либоси миллӣ дар тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон андешаҳои худро баён намуд.

Ҳамчунин, ба масъалаи риояи талаботи либоспӯшии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки донишҷӯён ҳангоми иштирок дар дарсҳо ва чорабиниҳои донишгоҳӣ бояд меъёрҳои муқарраргардидаи либоспӯширо риоя намоянд. Дар рафти чорабинӣ ба масъалаи истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Донишҷӯён бояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мазмуну муҳтавои маводи паҳншаванда диққати ҷиддӣ дода, аз мутолиа, паҳн ва дастгирии маводи гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар муҳтавои дорои хусусияти номатлуб худдорӣ намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён дар бораи таърихи пайдоиш ва рушди либоси миллии тоҷикон, хусусиятҳои хоси он ва аҳамияти ҳифзи анъанаҳои миллӣ маълумот пешниҳод намуданд.

 

Савринисо ДАВЛАТОВА