БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ СОЛИМ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
Санаи 22-юми октябри соли 2026 дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо ташаббуси муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Фозилзода Орифҷон, ки ҳамзамон сарпарастии гурӯҳи таълимии ихтисоси 1-24010302 - танзими ҳуқуқии молия ва қарзро ба уҳда дорад, дарси тарбиявӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии солим дар байни ҷавонон» баргузор гардид.
Дар рафти дарс масъалаҳои мубрами замони муосир, аз ҷумла пешгирии терроризм, экстремизм ва коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Фозилзода Орифҷон зимни суханронӣ бо такя ба сиёсати маорифпарварона ва андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии ҷавонон дар ташаккули насли худогоҳ, соҳибмаърифат ва масъулиятшинос нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд пайваста дониш андӯхта, зиракии сиёсиро нигоҳ доранд ва аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ва даъватҳои гумроҳкунанда эмин бошанд.
Ҳамзамон, зарурати ҳифзи сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи даврони соҳибистиқлолӣ самаранок истифода намуда, бо дониш, маърифат ва фаъолияти созанда дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо шароити мавҷуда, имкониятҳо ва захираи адабиёти китобхонаи илмии донишгоҳ шинос гардиданд. Ба онҳо аҳаммияти китобхонӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинӣ, ташаккули тафаккури мустақил ва такмили маърифати ҳуқуқию сиёсӣ фаҳмонида шуд.
Таъкид гардид, ки мутолиаи пайвастаи китобҳои илмӣ, соҳавӣ ва бадеӣ барои ташаккули шахсияти соҳибмаърифат, рушди тафаккури интиқодӣ ва пешгирии таъсири ақидаҳои ифротгароёна заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин, ба аҳаммияти ташвиқи фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби ҷавонон ба мутолиаи осори илмӣ ва адабӣ, ки аз самтҳои муҳими сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми дарси тарбиявӣ донишҷӯён ба омӯзиши пайваста, мутолиаи китоб, истифодаи самараноки имкониятҳои китобхонаи илмӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии худ даъват карда шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng