МАСТЕР-КЛАСС ДАР МАВЗУИ «ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ АЗ СИФР»
23 октябри соли равон дар доираи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оғоз гардид, бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявию қарзии байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо иштироки мутахассисон мастер-класс дар мавзуи «Тиҷорати электронӣ аз сифр» доир гардид.
Дар ҷараёни мастер-класс донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодиёти берунӣ Иқбол Абдураҳмонов, ки дар самти тиҷорати электронӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, таҷрибаи худро бо иштирокчиён мубодила намуд. Ӯ ба донишҷӯён роҳу усулҳои оғоз намудани тиҷорати шахсӣ аз сифр, имкониятҳои тиҷорати электронӣ ва истифодаи воситаҳои муосири рақамиро дар ташкили фаъолияти соҳибкорӣ шарҳ дод.
Дар идомаи чорабинӣ миёни донишҷӯён ва устодон мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён дар муҳокима ва ҷамъбасти натиҷаҳои мастер-класс фаъолона иштирок намуданд.
Савринисо ДАВЛАТОВА
Тоҷ
Рус
Eng