Рӯзи 1 майи соли 2026 дар ДДМИТ дар фазои тантанавӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса чорабинии сатҳи баланди фарҳангӣ-маърифатӣ бахшида ба «Моҳвораи ҷавонон» ва ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.

Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки раёсати ташкилию тарбиявӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва шуъбаи фарҳанги донишгоҳ роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии насли ҷавон ва арҷгузорӣ ба нақшу мақоми ҷавонон ҳамчун қишри асосӣ ва ояндасози ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» донишҷӯёну ҷавонони фаъол ва лаёқатманд аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии саросари кишвар иштирок намуданд. Иштироки васеи намояндагони донишгоҳҳои мухталифи ҷумҳурӣ шаҳодати таваҷҷуҳи бесобиқаи ҷавонон ба омӯзиши қонунгузории андоз, сиёсати молиявии давлат ва ташаккули тафаккури иқтисодии онҳо мебошад.

Ин барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари руҳияи баланд ва ҳувияти миллии ҷавонон буд, бо фарогирии шеърҳои ватандӯстона, суруду таронаҳои дилангез дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷавонӣ ва саҳначаҳои ҷолибу дилнишини ҳаҷвӣ сурат гирифт.

Ҳар як баромади ҳунармандон ва донишҷӯёни соҳибистеъдод аз ҷониби тамошобинон бо истиқболи гарм ва қарсакҳои пурмавҷ пазируфта шуд. Саҳнаҳои ҳаҷвӣ, ки паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти донишҷӯӣ ва ҷомеаро инъикос мекарданд, ба чорабинӣ фазои боз ҳам хурсандибахш ва хотирмон зам намуданд.

Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар муҳити донишгоҳ бори дигар собит месозад, ки ДДМИТ на танҳо маркази омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисод ва молия мебошад, балки макони ташаккули шахсиятҳои комил, ватандӯст ва фарҳангдӯст ба шумор меравад.

Сиёвуш ҲАБИБОВ,

сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ