Санаи 1 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2026 ба фаъолияти худ оғоз бахшид.

Дар доираи баргузории озмуни мазкур ҳамчунин, конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ташаккули низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият: таърих, таҷриба ва дурнамо” доир гардид, ки ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии ДДМИТ ва Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз бахшида шуд.

Ҳамоишро ба ҳайси гардонанда муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки озмуни мазкур дар баробари он ки марҳалаи муҳим баҳри ташаккул ва рушди касбияти мутахассисони ояндаи соҳаи андоз  мебошад, ҳамзамон имкон фароҳам меорад, то ҳар як иштирокчӣ дониши назариявии худро дар бораи Кодекси андоз нишон дода, барои омодагӣ ба фаъолияти касбӣ қадамҳои уствор гузорад. Дар ин росто, ҳадафи таъсисдиҳандагон ва ташаббускорони озмун на танҳо санҷидани дониш, балки фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаҳмидани Кодекси андоз ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мебошад. Бешубҳа, ин ташаббус барои ҳар як иштирокчӣ имкон медиҳад, то таҷриба ва малакаҳои худро ҳамчун мутахассис дар оянда ташаккул диҳад.

Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бо суханони муқаддимавӣ баромад карда, сараввал меҳмонон, ҳакамон ва ширкаткунандагонро барои ташриф оварданашон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси муштараки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, аз номи аъзои раёсат, Шурои олимон, ҳайати профессориву омўзгории донишгоҳ сипосгузорӣ намуда, ҳамзамон афзуд, ки ҳадафи озмун муаррифии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, донишҳои назариявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва тақвият бахшидани ҳисси хештаншиносии донишҷӯён мебошад.

Зикр гардид, ки дар замони Истиќлоли давлатӣ масъалаи омода намудани мутахассисони дорои малакаву маҳорати баланди касбӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар ин асос, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди неруи зеҳнӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии таълимӣ баҳри амалӣ намудани мақсаду мароми Ҳукумати мамлакат дар самти омода намудани мутахассисони соҳаҳои молия ва иқтисод як қатор иқдомҳоро  рӯи даст гирифтааст, ки баргузории озмуни “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз онҳо мебошад. Дар идома Бобоҷон Сатторзода ёдовар шуд, ки озмуни мазкур бори шашум бо ибтикори ДДМИТ доир гардида, сол аз сол хоҳишмандони зиёдеро ба майдони рақобатҳои донишҳои тахассусии ояндаи соҳаи андоз ба ҳам меоварад.

Камоли сарфарозист, ки имсол аз 17 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 150 нафар иштирокчиён ширкат меварзанд. Агар ба таърихчаи баргузории озмун назар намоем, шоҳид мешавем, ки дар аввал иштирокчиёни он хеле кам буданд. Таъмини зиёда аз 150 нафар довталабон дар соли ҷорӣ моро бовар ба он менамояд, ки мавқеи озмуни мазкур беш аз пеш густариш ёфта истодааст.

Пас аз зикри ин нуктаи муҳим ректори донишгоҳ бо итминони хушбинона иброз дошт, ки мо ба донишу маҳорат, ҷаҳонбинию малака, далерию тавоноии ҳар яки Шумо боварии комил дорем. Бинобар ҳамин, аз ҳайати ҳакамон хоҳиш менамоем, ки зимни баҳогузории Озмун ба донишу малакаи иштирокчиён баҳои одилона гузошта,  фазову руҳияи солимро таъмин намоянд.

Сипас, бо намояндагӣ аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии ниҳоди мазкур Муродхоҷазода Суҳроб зимни баромади хеш баргузории чунин як ҳамоиши муҳим дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ, бо шумули 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон, 30-солагии таъсисёбии ДДМИТ ва Рӯзи касбии кормандони мақомоти андозро дорои аҳамияти хос арзёбӣ намуда, афзуд, ки ин ҳама барои баррасии дастовардҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди низоми андоз заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Таъкид гардид, ки дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба бунёди низоми муосири молиявию андозӣ ноил гардид. Низоми андоз ҳамчун яке аз рукнҳои асосии иқтисоди миллӣ дар таъмини устувории буҷет, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ нақши муҳим мебозад.

Имрӯзҳо, бо дарназардошти равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ, такмили низоми андоз, соддагардонии расмиёт ва баланд бардоштани шаффофият аз ҷумлаи вазифаҳо ва самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд. Дар ин самт ҳамкории зич байни байни муассисаҳои илмӣ ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.

“Итминон дорем, ки мубоҳисаҳо ва пешниҳодҳои дар доираи ин ҳамоиш ироашаванда ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми андоз ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандагон, инчунин, омодасозии кадрҳои баландихтисос саҳми арзанда мегузоранд”, - иброз дошт дар хотимаи суханронияш Суҳроб Муродхоҷазода.

Мавзуи маърӯзаи мушовири байналмилалии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Модестас Каселияскас, ки ба “Тамоюлҳои идоракунии муосири андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуда буд, бештар паҳлӯҳои татбиқи ҳадафҳои сиёсати андоз ба иқтисодиёти кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки дигаргуниҳои бунёдӣ дар иқтисодиёт бидуни такмилдиҳию бозсозии мақомоти идоракунии давлатӣ, ки баҳри таъмини неъматҳои ҷамъиятии шаҳрвандон роҳандозӣ гаштааст, ғайриимкон мебошад. Айни замон иқтисодиёт наметавонад аз дигаргунсозии рақамӣ барканор монад, зеро тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон бе технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тасаввурнопазир аст. Маъмурикунонии андозро, ки ҳамчунин дар пурсозии ҳарсолаи буҷети давлатӣ саҳми босазо мегузорад, наметавон аз ин амр истисно намуд.

Ба андешаи Модестас Каселияскас, татбиқи ҳадафҳои сиёсати андоз дар маҷмуъ ба як қатор соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, аз қабили тиҷорат, бахши хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва рушддиҳии онҳо таъсир расонида, заминаи рушди фарҳанги андозсупориро дар замони иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва рақамисозӣ таъмин месозанд.

Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазирзода Собирҷон Зокир перомуни масъалаҳои “Рақобатпазирии андозии Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ИДМ” суҳбат ороста, бештар ба масъалаҳои умдаву баҳсбарангез, ки гӯё “Соҳибкорони тоҷик аз сабаби гаронии андозҳо ба кишвари ҳамсояи Узбекистон “фирор” мекунанд” тамаркуз намуд. Ба андешаи муаллиф, дар ин масъала на фирор аз гаронии андоз омили асосист, балки бозор, аҳолӣ ва ҳамгироии минтақавӣ муайянкунандаи вазъ буда метавонад.

Дар идома мавсуф бо такя ба маълумоти Кумитаи омори Ҷумҳурии Узбекистон ба 1 феврали соли 2026 мисолҳои мушаххас пешниҳод намуда, ҳамзамон афзуд, ки тибқи ҳамин санад, дар кишвари ҳамсоя аз рӯйи соҳаҳои мухталиф 410 корхонаи шаҳрвандони Тоҷикистон сабти ном шудааст, ки 45 дарсади онҳо дар худи Тоҷикистон низ фаъолият менамоянд. “Бинобар ҳамин, ин як раванди маъмул дар ҷаҳони муосир аст, на фирору ранҷиш ва ё гаронии андозҳо. Чунин бархӯрд дар истилоҳи муосир “фейк нюс” ном дошта, бо мақсади дидаву дониста дурӯғпароканӣ, бадномсозӣ ва ба ин васила гӯл задани ҷомеа сурат мегиранд. Ҳол он ки парадокси ҳамин ҳолатро дар Федератсияи Россия мушоҳида мекунем, ки бо вуҷуди баланд будани пардохтҳои андозӣ, тиҷорати фаъол дар гардиш аст. Агар фирор аз андоз омили дурусти баҳогузорӣ ба системаи андозбандии кишвари мо дуруст мебуд, дар Федератсияи Россия тиҷорати тоҷикон муваффақона пеш намерафт.”, - изҳор дошт Собирҷон Вазирзода ва дар ин росто иброз дошт, ки Тоҷикистон дар миқёси ИДМ теъдоди камтарини андозҳоро дорост. Бинобар ҳамин, ба назари номбурда, раванди кушодани корхонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбекистон ин нишонаи камолоти соҳибкорӣ, тавсеаи тиҷорат ва ҳамгироии иқтисодии ду кишвар бояд маънидод гарданд, на чизи дигар.

Гардонандаи ҳамоиш – муовини ректори ДДМИТ оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов дар хотима шартҳои ширкат дар озмунро шарҳ дода, изҳор дошт, ки он аз рӯйи ду номинатсия дар шакли даставӣ, яъне даставӣ-назариявӣ ва даставӣ-амалӣ гузаронида шуда, бо ин мақсад барои муайян намудани рақибони дастаҳо аз рӯйи ҳар ду номинатсия аллакай қуръакашӣ доир шуд. Ҳамин тариқ, ғолибони даври ниҳоӣ сазовори ҷойҳои 1,2,3 ва 4 гардида, бо сипоснома, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои пуливу молии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида мешаванд.  

Хотиррасон менамоем, ки конфронс ва озмун кори худро дар бахшҳо идома хоҳанд дод.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ