МАСТЕР-КЛАССИ ИЛМӢ-АМАЛӢ: “ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА МАЪРИФАТИ ИСТИФОДАБАРИИ ОНҲО”
Рӯзи 1 майи соли равон дар ДДМИТ дар доираи Озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” мастер-класси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Шабакаҳои иҷтимоӣ ва маърифати истифодабарии онҳо” гузаронида шуд. Чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва Рӯзи касбии кормандони мақомоти андоз бахшида шуда, бо иштироки устодону донишҷӯён дар фазои озоду илмӣ ҷараён гирифт.
Ҳадафи асосии ҳамоиш баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, тарғиби истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва омода намудани ҷавонон ба талаботи ҷаҳони рақамикунонӣ арзёбӣ гардид. Иштирокчиён доир ба таъсири технологияҳои нав ба ҷомеа, имконияту хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои истифодаи самараноки онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Дар оғози ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутдиддин Муқимов таъкид кард, ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба як ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии инсон табдил ёфтаанд. Дар ҷомеаи муосир кам нафареро метавон пайдо кард, ки аз интернет ва воситаҳои иртиботӣ истифода накунад. Ӯ шабакаҳои иҷтимоиро муҳити муҳими муошират ва ҳамгироии иҷтимоӣ номид ва зикр кард, ки бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тарзи муошират, омӯзиш ва дастрасӣ ба иттилоот комилан тағйир ёфтааст. Дар Тоҷикистон низ солҳои охир истифодаи интернет ва алоқаи мобилӣ афзоиш ёфта, шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз манбаъҳои асосии гирифтани маълумот мубаддал гардидаанд.
Дар идомаи мастер-класс декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ София Темурбекова доир ба аҳамияти касби барномасозӣ андешаронӣ кард. Имрӯз барномасозӣ аз ҷумлаи касбҳои серталабтарин ба ҳисоб рафта, нақши он дар пешрафти соҳаҳои иқтисод, тиб, маориф, нақлиёт ва дигар бахшҳо хеле бузург аст. Аз ин рӯ, омӯзиши технологияҳои рақамӣ ва рушди саводи техникӣ барои ҷавонон аҳамияти махсус дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ба майдони бузурги иттилоотӣ табдил ёфтаанд.
Ҷавонони тоҷик низ имрӯз чун дигар сокинони ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин, истифодаи дурусту оқилонаи интернет яке аз масъалаҳои муҳим боқӣ мемонад. Зеро дар баробари паҳлуҳои мусбат, аз ҷумла дастрасӣ ба дониш, омӯзиш ва муоширати озод, интернет метавонад ба беҳудасарфшавии вақт, вобастагии равонӣ ва таъсири манфии иттилооти носолим низ оварда расонад.
Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Наҷибулло Мирзоқурбонов дар бораи маърифати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ ва саводи расонаӣ сухан гуфта, зарурати баланд бардоштани фарҳанги иттилоотии ҷавононро муҳим арзёбӣ намуд. Ҳар як донишҷӯ бояд тавонад иттилооти дурусту нодурустро аз ҳам ҷудо карда, аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати рушди шахсӣ ва касбии худ истифода барад.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки имрӯз рақобат дар бозори ҷаҳонии меҳнат талаб мекунад, ки ҷавонон на танҳо донишманд, балки дорои малакаҳои рақамӣ, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури таҳлилӣ бошанд. Аз ин рӯ, донишгоҳҳо бояд дар баробари таълими ихтисосӣ, ба масъалаҳои саводи расонаӣ ва фарҳанги истифодаи интернет низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар қисмати муҳокимавии чорабинӣ донишҷӯён бо фаъолнокӣ иштирок намуда, андешаҳои худро оид ба хубиву бадии шабакаҳои иҷтимоӣ баён карданд. Онҳо китобхониро аз истифодаи беҳудаи интернет авлотар дониста, масъалаҳои вобаста ба хароҷоти зиёдатии интернет, таъсири муҳтавои носолим, паст гардидани сатҳи мутолиа ва дигар мушкилоти иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иштирокчиён ҳамзамон таъкид карданд, ки агар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади омӯзиш, рушди касбӣ ва дастрасӣ ба иттилооти муфид истифода шаванд, метавонанд барои пешрафти шахс ва ҷомеа нақши муассир гузоранд. Дар охир баён гардид, ки баланд бардоштани маърифати рақамӣ ва ташаккули фарҳанги дурусти истифодаи интернет яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng