БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КУРАТОРҲО
Бо ташаббуси садорати факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ 29 сентябри соли равон бо мақсади татбиқи амалии талаботи Низомномаи Шурои кураторон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҷаласаи кураторони факултет доир гардид.
Дар ҷаласа муовини декан оид ба тарбия Абдулло Камолзода, раиси Шурои кураторҳо Мавҷуда Давлатова, мудирони кафедраҳои марбута ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини декан оид ба тарбия Абдулло Камолзода оғоз намуда, нақши кураторҳоро дар раванди таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос муҳим арзёбӣ кард: “Куратор бояд бо донишҷӯён мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ гузаронида, ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, риояи интизоми донишҷӯён ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносии онҳо мусоидат намояд”.
Сипас, раиси Шурои кураторҳо Мавҷуда Давлатова оид ба масъалаҳои муҳими фаъолияти кураторҳо, аз ҷумла дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, риояи талаботи муқарраргардидаи сарулибоси донишҷӯён ва иҷрои саривақтии вазифаҳои кураторӣ андешаронӣ намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти кураторҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои марбут ба интизом, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва сатҳи иҷрои корҳои тарбиявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки дар баробари дастовардҳои назаррас дар самти корҳои тарбиявӣ, баъзе камбудиву норасоиҳо низ ба назар мерасанд.
Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба кураторҳо тавсия дода шуд, ки баргузории соатҳои сиёсиву тарбиявиро мунтазам ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, аз вазъи таҳсил, рафтор, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва фаъолияти ҷамъиятии онҳо мунтазам огоҳ бошанд. Ҳамзамон, ба вазъи донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, бо онҳо корҳои инфиродӣ ва фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ ба ду нафар устоди факултет, ки дар самти фаъолияти кураторӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, ифтихорномаҳо супорида шуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng