Дар доираи ташаббуси солҳои 2025-2030 - “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», бо мақсади дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни соҳибистеъдод, 18-уми феврали соли ҷорӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» доир гардид, ки дар он намояндагони 7 факултети донишгоҳ иштирок намуданд.

Сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ София Темурбекова ва дотсенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт Осим Фарайдунов дар бораи ҳадаф ва мақсади баргузории озмун суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдод ва баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, инноватсия ва зеҳни сунъӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, донишҷӯёни фаъолу ҳавасманд ба иштироки бештар дар чунин озмунҳо даъват шуданд.

Баъдан, донишҷӯёни факултет Омина Сафарова ва Нозирҷон Тилабов вобаста ба мавзуи барномасозӣ мастер-класс ва викторина баргузор намуданд. Ба ғолибони викторина туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ дар ду утоқи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ барои иштирокчиёни озмун аз рӯйи се номинатсия - «Барномасозӣ», «Лоиҳаи инноватсионӣ» ва «Зеҳни сунъӣ» машғулиятҳои озмунӣ баргузор гардиданд.

Бояд қайд кард, ки ғолибони даври донишгоҳии озмун ба даври ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» роҳхат гирифтанд. Даври ҷумҳуриявии озмун бошад, 23-юми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он намояндагони 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА