Рӯзи 11 апрели соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор маҳфили илмии “Зеҳн” бо иштироки коршиносон, ҳайати устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун баргузор гардид. Дар кори маҳфил устодони самтҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, иқтисодиёти таҳлилӣ, танзими иқтисодиёти давлатии миллӣ, инчунин аудит ва ревизия фаъолона ширкат варзиданд.

Маҳфилро декани факултет Ёрибек Тилабов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо мавзуи баррасишаванда «Проблемаҳои назариявӣ-методологии баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ» ошно кард. Ба қавли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад”.

Ёрибек Тилабов аҳамияти омӯзиши амиқи масъалаҳои назариявию амалӣ ва ҷалби васеи кафедраҳоро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуда, илова кард, ки  рушди соҳаи баҳисобгирӣ бидуни истифодаи амалия ва такмили шаклҳои ҳисоботи молиявӣ ғайриимкон аст.

Сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода бошад, қайд кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар ҳар як факултет соли таҳсил ду маротиба ба нақша гирифта шуда, ба онҳо мутахассисони амалия ҷалб мегарданд. Ин гуна чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури таҳлилӣ ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ нақши муҳим доранд.

Сипас, устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Аббос Норов дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами фарогирии молиявӣ ва тадқиқоти иқтисодӣ-омории онҳо» баромад намуда, зикр кард, ки татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026 дар кишвар ба беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат менамояд.

Номбурда иброз дошт, ки ин раванд дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва бо иштироки сохторҳои дахлдор таҳия гардида, ба рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими низоми молиявӣ замина мегузорад.

Дар идома роҳбари ширкати аутсорсингии ҶДММ “Соф Гурӯҳ” Беҳзод Тӯйчиев дар мавзуи «Талаботҳои асосӣ оид ба тартиб додани ҳисоботи молиявӣ дар корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза кард. Мавсуф аҳамияти ҳисоботи дақиқ ва шаффофро ҳамчун пояи қабули қарорҳои дурусти иқтисодӣ унвон карда, зарурати таҳлили мунтазами нишондиҳандаҳои молиявӣ ва истифодаи самараноки захираҳоро муҳим шуморид.

Ҳамзамон, Анис Боев, ёвари Шӯрои нозирон ва котиби корпоративии ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, афзалиятҳо ва мушкилоти соҳаи мазкурро баррасӣ кард. Номбурда афзуд, ки бонкҳо ташкилотҳоеянд, ки дар онҳо равандҳои баҳисобгирии муҳосибӣ автоматикунонидашуда ва рақамикунонидашуда ба роҳ монда шудаанд.

- Автоматикунонии равандҳои муҳосибӣ, риояи стандартҳои байналмилалӣ ва шаффофияти ҳисобот аз дастовардҳои асосии низоми бонкӣ ба шумор мераванд. Ҳамзамон, камбудиҳои методологӣ, норасоии мутахассисони баландихтисос ва масъалаҳои марбут ба аудити дохилӣ аз ҷумлаи мушкилоти мавҷуда боқӣ мемонанд, - гуфт баромадкунанда.

Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокчиён мубоҳиса ва саволу ҷавоб сурат гирифта, ҷиҳати такмили фаъолияти илмӣ ва амалии соҳа пешниҳодҳо карда шуд. Дар музокира устодон Бобомуродов Бобомурод, Ҳусейн Носирзода ва Файзализода Муҳаммадрабби Музафар фаъолона ширкат варзиданд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА