ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Дар асоси нақшаи раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, 9-уми апрел дар китобхонаи илмии донишгоҳ дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид. Дарси мазкурро муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Ҳомидов Раҳматулло Амруллоевич бо донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси 1-96010101 - таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ дар мавзуи «Ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ - омили муҳими рушди дӯстии миллатҳо ва аз байн бурдани бозиҳои геополитикӣ дар минтақа» доир намуд.
Зимни дарс устод ба масъалаи сабабҳои пайдоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки бисёре аз таҳлилгарон таъсиси ИДМ-ро ҳамчун тақозои замон арзёбӣ менамоянд.
Дар идомаи баромад зикр гардид, ки дар нимаи дуюми солҳои ҳаштодум бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ яке аз абарқудратҳои ҷаҳон Иттиҳоди Шуравӣ рӯ ба суқут овард. Сабабҳои ин раванд зиёд буданд, аммо аксари муаррихон ва таҳлилгарон омилҳои асосиро ба татбиқи ислоҳоти иқтисодии роҳбари онвақта марбут медонанд.
Ҳамзамон, Р. Ҳомидов доир ба масъалаҳои одобу ахлоқи ҷавонон, тарбияи дуруст, банақшагирии ҳаёт, интизом ва масъулиятшиносӣ андешаҳои судманд баён намуд. Инчунин, ба масъалаҳои дастгирии давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Дар анҷоми дарс донишҷӯён ба устод саволҳои ҷолиб пешниҳод намуда, дониши худро дар самти ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ боз ҳам ғанӣ гардониданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng