Рӯзи 10-уми апрел дар толори варзишии донишгоҳ мусобиқаи дӯстонаи волейбол миёни донишҷӯдухтарони яккачини донишгоҳ ва дастаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Ин иқдом дар доираи омодагиҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори раёсати ташкилию тарбиявӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва Иттифоқи касабаи муттаҳидаи донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ роҳандозӣ гардид.

Хушбахтона, бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи донишҷӯдухтарони донишгоҳ анҷом ёфт.

Бояд ёдовар шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳои дӯстона имкон медиҳад, ки дастаи яккачини ДДМИТ ба мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ омодагии хуб пайдо намояд ва дар онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол кунад.

Мақсади асосии баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ, пеш аз ҳама, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳёи бозиҳои варзишӣ, оммавигардонии ин намуди варзиш дар ҷомеа ва ҳамзамон, пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА