ФАКУЛТЕТИ ҲИСОБДОРӢ ВА ОМОР БО КАСБИ 467 ХОЛ ҒОЛИБИ ВИКТОРИНА
Тибқи нақшаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, 10-уми апрели соли равон бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ зери роҳбарии мудири кафедра дотсент Гулпарӣ Ҳусейнова ва муаллими калони кафедра Ромиз Дӯстмуродов, викторинаи дохилидонишгоҳии донишҷӯёни ДДМИТ таҳти унвони «Brainy english» доир гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Ҷовидон Халифазода оғоз ёфта, ба намояндагони ҳафт факултет барору комёбӣ таманно карда шуд. Маврид ба ёдоварист, ки викторина аз 5 давр бо саволҳои иқтисодӣ ва мантиқӣ Multiple Choice (саволҳои интихобӣ), Listening (санҷиши маҳорати шунавоӣ), Speaking (маҳорати гуфтор), Puzzle-riddle (муаммо ва чистон) ва Word search (fillword) (вожаҷӯӣ ва пур кардани калима) иборат буд.
Ҳамаи бахшҳои викторина равандҳои омӯзиши забонро фаро гирифта, ҳамзамон ба самти иқтисодиёт равона гардида буданд. Ҳар як даста бо номҳои зерин баромад намуд: Statistics (омор) - факултети ҳисобдорӣ ва омор, World economy (иқтисоди ҷаҳон) - факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, Manager (менеҷер/роҳбар) - факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Public management (идораи давлатӣ) - факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ, Financier (молиячӣ) - факултети молия ва қарз, Digital economics (иқтисоди рақамӣ) - факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, Customs (гумрук) - факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти викторина сардорони дастаҳо - Раҳматулло Мадалиев (факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ), Усмоналӣ Ҷабборов (факултети ҳисобдорӣ ва омор) ва Шаҳром Маҳмадализода (факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ) фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи натиҷагирии ҳайати ҳакамон: ҷойи аввал бо 467 хол насиби факултети ҳисобдорӣ ва омор гардид. Ҷойи дуюм бо 466 хол ба факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҷойи сеюм бо 465 хол насиби факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ шуд.
Ҳамчунин, ҷойҳои ифтихориро бо 428 хол факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, бо 398 хол факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ва бо 280 хол факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ соҳиб шуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng