Омӯзиши ҳуқуқ замоне самараи воқеӣ ба бор меорад, ки донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ пайванди ногусастанӣ дошта бошанд ва ҳар як меъёри қонун дар шуури донишҷӯ ҳамчун воситаи ҳифзи адолат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими волоияти қонун ҷойгоҳи устувор пайдо намояд. Маҳз бо назардошти ин ҳадафи муҳим, истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва фароҳам овардани муҳити ба фаъолияти воқеии мақомоти судӣ наздик дар раванди омодасозии мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқ аҳаммияти хосса дорад.

Дар ҳамин замина, ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДДМИТ Наҷибуллои Сайвалӣ дар толори таълимӣ-таҷрибавии мурофиаи судии донишгоҳ барои донишҷӯёни ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ - 1-260102 дарси кушодро дар мавзуи «Баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум. Баррасии даъво» доир намуд.

Дарси кушод бо истифода аз усули тақлидии мурофиаи судӣ ташкил гардида, ба иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки раванди баррасии баҳси иқтисодӣ, тартиби мурофиавии фаъолияти суд ва мавқеи ҳуқуқии тарафҳоро дар шароити ба амалияи воқеии судӣ наздик омӯзанд.

Дар мурофиаи намунавӣ иштирокчиён нақшҳои мурофиавии зеринро иҷро намуданд: раисикунандаи маҷлиси судӣ - Шоҳимардонзода Муҳаммад Азаматшоҳ, котиб - Тошева Фараҳноз Худойназаровна, намояндаи даъвогар - Раҳимзода Аҳмад Абдуқодир ва ҷавобгар - Каримов Ориён Хуршедович.

Дар ҷараёни мурофиаи тақлидӣ марҳилаҳои асосии баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум пайдарпай таҷассум ёфтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба оғози маҷлиси судӣ, санҷиши ҳозиршавии иштирокчиён, муайян намудани шахсияти тарафҳо, санҷиши ваколатҳои намояндагон, тавзеҳи ҳуқуқу уҳдадориҳои мурофиавӣ, шунидани баёноти тарафҳо ва баррасии талаботи даъвогӣ мавриди омӯзиши амалӣ қарор гирифтанд.

Машғулияти мазкур ба донишҷӯён имкон дод, ки бо хусусиятҳои баррасии даъво, аҳаммияти далелҳо дар исботи ҳолатҳои ҳуқуқӣ, тартиби изҳори мавқеи мурофиавӣ ва зарурати асоснок намудани талаботу эътирозҳои тарафҳо аз наздик шинос шаванд. Ҳамзамон, ба риояи принсипҳои қонуният, мустақилияти суд, баробарии тарафҳо ва мубоҳисавӣ будани мурофиа ҳамчун кафолатҳои муҳимми таъмини адолати судӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Арзиши воқеии чунин машғулиятҳо дар он ифода меёбад, ки донишҷӯён тартиби мурофиаи судиро меомӯзанд, масъулияти ҳуқуқӣ, фарҳанги касбӣ ва аҳаммияти ҳар як амали мурофиавиро дар роҳи расидан ба ҳалли қонунӣ ва одилонаи баҳс дарк менамоянд.

Аз нигоҳи методӣ, ташкили мурофиаи тақлидии судӣ яке аз усулҳои муассири ташаккули салоҳиятҳои касбӣ ба шумор рафта, дар рушди қобилияти таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ, андешаронии мантиқӣ, суханварии касбӣ, пешниҳоди далелҳо ва ҳимояи мавқеи ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад. Ин равиш ҳамзамон донишҷӯёнро ба омӯзиши мустақилона, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккаби ҳуқуқӣ ва муносибати масъулиятнок ба фаъолияти минбаъдаи касбӣ ҳидоят менамояд.

Фаъолияти толори таълимӣ-таҷрибавии мурофиаи судии донишгоҳ низ дар ин самт аҳаммияти махсус дорад. Чунин фазои таълимӣ барои тақвияти робитаи донишҳои академӣ бо таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки муҳтавои меъёрҳои қонунгузориро дар заминаи вазъиятҳои амалии ҳуқуқӣ таҳлил намуда, барои фаъолияти ояндаи касбии худ таҷрибаи ибтидоӣ андӯзанд.

Дарси кушоди мазкур бори дигар собит сохт, ки сифати таҳсилоти ҳуқуқӣ пеш аз ҳама ба сатҳи донишандӯзӣ, маҳорати амалии донишҷӯён ва истифодаи самараноки усулҳои муосири таълим вобастагии амиқ дорад. Омода намудани ҳуқуқшиносони оянда танҳо бо омӯзиши матни қонун маҳдуд намешавад, балки тарбияи шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, эҳсоси баланди адолатпарварӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои волои ҳуқуқиро низ дар бар мегирад.

Дар маҷмуъ, чунин ташаббусҳои таълимӣ барои ташаккули насли нави мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, ки қонунро ҳамчун меъёри асосии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ эҳтиром намуда, ҳифзи адолат ва таъмини волоияти қонунро рисолати касбии худ медонанд, заминаи устувор мегузоранд. Зеро мактаби ҳақиқии ҳуқуқшиносӣ маҳз дар ҳамон ҷо оғоз меёбад, ки дониш ба маҳорат, назария ба амалия ва маърифати ҳуқуқӣ ба масъулияти касбӣ табдил меёбад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА