Тибқи пешниҳоди декани факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 5-уми ноябри соли равон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, такмили машғулиятҳои амалӣ ва шиносоии донишҷӯён бо таҷрибаи воқеии фаъолияти низоми бонкӣ як гурӯҳ донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси кори бонкӣ - 1-25010402 таҳти роҳбарии мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Маҳмадназар Нуров дар ҶСП «Спитамен Бонк» аз фанни муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ дарси амалӣ баргузор намуданд.

Дар ҷараёни машғулият донишҷӯён бо фаъолияти бонк, сохтори корӣ, самтҳои асосии хизматрасонии бонкӣ ва хусусиятҳои амалии муносибатҳои мукотибавии байнибонкӣ аз наздик шинос шуданд. Чунин боздидҳои таълимӣ барои амиқтар дарк намудани равандҳои воқеии фаъолияти бонкӣ ва татбиқи донишҳои назариявӣ дар шароити амалии низоми молиявӣ мусоидат мекунанд.

Тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассус ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, пеш аз ҳама, ба сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш ва тақвияти робитаи мустақими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ вобастагии зич дорад. Дар ин раванд, таълими дуалӣ ҳамчун шакли самараноки ҳамгироии донишҳои назариявӣ ва таҷрибаи амалӣ барои ташаккули дониш, малака ва салоҳиятҳои касбии донишҷӯён имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Таҷрибаи баргузории чунин машғулиятҳо бори дигар собит месозад, ки пайванди ногусастании назария бо амалия яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани сифати таҳсилот, тарбияи мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи бозори меҳнат ба ҳисоб меравад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА