Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии донишҷӯён, рушди тафаккури иқтисодӣ ва ҷалби онҳо ба омӯзиши амиқи илми муҳосибӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни донишгоҳии «Беҳтарин донандаи муҳосибӣ» доир гардид.

Озмуни мазкур 10-уми ноябри соли равон ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳосибон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир шуд.

Бояд зикр намуд, ки озмуни мазкур бори нахуст дар донишгоҳ баргузор гардида, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо иштироки фаъоли донишҷӯён сурат гирифт. Дар он 37 нафар донишҷӯёни беҳтарин аз ҳафт факултети донишгоҳ ширкат варзиданд. Иштироки васеи донишҷӯён аз факултетҳои гуногун нишон дод, ки омӯзиши илми муҳосибӣ барои тамоми самтҳои иқтисодӣ аҳаммияти муҳим дошта, ҷавонон ба азхудкунии ин соҳа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Озмун дар ду давр баргузор гардид. Даври аввал дар шакли тестӣ сурат гирифта, иштирокчиён донишу малакаи назариявии худро вобаста ба асосҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа санҷиданд. Аз рӯйи натиҷаҳои ин давр 12 нафар донишҷӯи беҳтарин ба даври дуюм - суҳбати шифоҳӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври дуюм иштирокчиён қобилияти таҳлилу хулосабарорӣ, тафаккури мантиқӣ, фарҳанги суханварӣ ва малакаи ҳалли масъалаҳои амалии муҳосибиро низ нишон доданд.

Дар қисмати ҷамъбастии озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Қутбиддин Муқимзода суханронӣ намуда, аҳаммияти касби муҳосиб ва масъулияти баланди намояндагони ин соҳаро таъкид кард.

Зимни суханронӣ мавсуф, аз ҷумла, иброз дошт, ки касби муҳосиб касби эътимод аст, зеро ҷомеа, соҳибкорон ва давлат ба рақамҳо ва маълумоти молиявие, ки муҳосибон пешниҳод мекунанд, такя менамоянд. Аз ин рӯ, ростқавлӣ, дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ ва омӯзиши пайваста бояд шиори фаъолияти ҳар як мутахассиси соҳа бошад.

Тибқи низомномаи озмун ва дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон ғолибон ва соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ муайян карда шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ бо нишон додани дониш, малака ва маҳорати баланди касбӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Аз ҷумла, ҷойҳои ифтихориро донишҷӯёни зерин соҳиб гардиданд: Эҳсонҷон Холиқулов - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 125011100 - аудит ва ревизия; Марзия Мамадюсупова - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1250103 - иқтисодиёти ҷаҳон; Абдуллохӯҷа Мухторов - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 125010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо; Зикриоллоҳ Асламов - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 125010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо; Бахтиёр Боев - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 125010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо.

Ҳамчунин, ҷойи якум ба Толибшоҳи Замон - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 125010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, ҷойи дуюм ба Мутриба Муҳаммадиева - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 125010803 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ ва ҷойи сеюм ба Сураҷ Собиров - донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 125010402 - кори бонкӣ ва Дилноза Ҷаъфарова - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 125010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо лоимқ дониста шуданд.

Дар баробари қадрдонии ғолибон, ба як қатор донишҷӯёни фаъол китобҳои дарсии дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ М. Сабзаева тақдим карда шуданд.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода аз натиҷаҳои озмун изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки баргузории нахустин озмуни донишгоҳии «Беҳтарин донандаи муҳосибӣ» зарурати чунин ташаббусҳоро бори дигар собит сохт.

Ба гуфтаи мавсуф, бо назардошти натиҷаҳои назарраси озмуни имсола, донишгоҳ тасмим дорад, ки соли оянда онро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, ташкилотҳои касбии муҳосибон ва мутахассисони амалии соҳа баргузор намояд.

Қутбиддин Муқимзода изҳори умедворӣ намуд, ки донишҷӯёни имрӯзаи ғолиб дар оянда низ донишу маҳорати худро такмил дода, дар озмуни ҷумҳуриявӣ шарафи донишгоҳро бо сари баланд ҳимоя хоҳанд кард.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА