БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ВА ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст, дорои шароити муосири таълиму омӯзиш буда, дар он як қатор озмоишгоҳҳои тахассусӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои гумрукӣ, муҳосибӣ, толори мурофиаи судӣ, иқтисоди рақамӣ, маркази таълимии бонкӣ, инчунин шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим фаъолият менамоянд.
Дар ин замина, 12-уми ноябри соли равон донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-24010302 – танзими ҳуқуқии молия ва қарзи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар доираи дарси тарбиявӣ ва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ аз бинои нави таълимӣ ва осорхонаи донишгоҳ боздид намуданд.
Дар чорабинии мазкур сарпарасти гурӯҳ, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Фозилзода Орифҷон Махсум донишҷӯёнро роҳнамоӣ намуд.
Зимни боздид донишҷӯён аз озмоишгоҳҳои замонавии донишгоҳ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои гумрукӣ, муҳосибӣ, толори мурофиаи судӣ, иқтисоди рақамӣ ва маркази таълимии бонкӣ дидан намуда, бо таҷҳизоту имкониятҳои техникии онҳо ва нақши ин марказҳо дар омода намудани мутахассисони баландихтисос аз наздик шинос шуданд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён фаъолияти шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим муаррифӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён аз осорхонаи донишгоҳ боздид намуда, бо нигораҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, техника ва таҷҳизоти ҳисоббарорӣ ва дигар маводи арзишманде, ки аз таърихи ташаккул ва рушди 30-солаи донишгоҳ шаҳодат медиҳанд, шинос шуданд.
Тавре Фозилзода Орифҷон Махсум зимни суҳбат иброз дошт, ҳифзу гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ба андешаи ӯ, баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Осорхонаҳо ҳамчун марказҳои муҳими илмию фарҳангӣ дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии таъриху фарҳанги миллат саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз тавассути онҳо насли имрӯзу оянда бо мероси ғании ниёгон, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои таърихии кишвар ошно мегардад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng