Аз ҷониби садорати факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ санаи 12-уми ноябри соли равон дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлати соҳибистиқлол» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.

Чорабиниро декани факултет Наврӯз Умарзода оғоз намуда, оид ба ташаббусу заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Тавре номбурда иброз дошт, талошҳои Президенти маҳбубамон буд, ки имрӯз мо дар чунин сарзамини дорои амнияту сулҳ, соҳибистиқлолу ваҳдатофар зиндагиву кору фаъолият намуда, илм меомӯзем.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷамолиддин Мирзоев дар баромади худ қайд намуд, ки воқеан ҳам, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Воқеан, тамоми неруву ғайрат ва ҳастии худро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи Тоҷикистон сарф намуданд.

Профессори кафедраи менеҷмент Иномҷон Аминов бошад, омили асосии барпо гардидани сулҳро шарҳ дода, иброз дошт, ки солҳои 90-ум Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар вазъияте қарор дошт, ки гувоҳи он фақат таърих аст. Давроне, ки гурӯҳҳои зиёд бо дасисаҳои худ мехостанд давлатро соҳиб гарданд. Аммо Пешвои муаззами мо тавонистанд, ки миллати тоҷикро аз ин вартаи марговар наҷот дода, гурезагонро ба ватан ва давлатро ба ваҳдат таъмин созанд.

Дар Иҷлосияи мазкур 74 санади меъёрии ҳуқуқӣ, фармонҳо, қарорҳо қабул гардида, раисони кумитаҳо, комиссияҳои доимамалкунандаи Шӯрои Олӣ, раиси Шурои вазирон, аъзои Ҳукумат интихоб карда шуданд.

Қайд гардид, ки иҷлосияи мазкур яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ба шумор рафта, заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар пойдории истиқлоли воқеии кишвар ва ба ин васила, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузоштааст.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА