ЧУНОН ДАР ШЕЪР ГУФТАН ХУШЗАБОН БУД
Рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили умумидонишгоҳии илмӣ-адабӣ бахшида ба бузургдошти 1050-солагии нахустин бонуи суханвари адабиёти тоҷику форс Робиаи Балхӣ доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов меҳмононро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки дар китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон «Забони миллат - ҳастии миллат» зимни баррасии адабиёти давраи Сомониён аз Робиаи Балхӣ низ ёд шудааст, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи хос ба мероси адабии занони тоҷик мебошад.
Дар заминаи дастуру супоришҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2026 ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2026 аз тарафи ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода Ҷадвали баргузории чорабиниҳои ДДМИТ вобаста ба 1050-солагии бонуи суханвари адабиёти тоҷику форс, шоир Робиаи Балхӣ таҳия гардида, дар донишгоҳ баргузории як қатор чорабиниҳо бахшида ба ин санаи муҳими фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар идомаи маҳфил шоираҳои шинохта Назокат Олимзода ва Робияи Холмирзо доир ба таҷрибаи эҷодӣ, таъсири шеър ва китобхонӣ ба маънавиёти инсон сухан гуфта, шеърҳои ватандӯстона ва ошиқонаро қироат намуданд.
Ҳамчунин, профессори кафедраи забони тоҷикӣ Наргис Аслонова дар мавзуи “Робиа ва фоҷеаи ӯ” маърузаи илмӣ ироа намуд.
Дигар устодону масъулини донишгоҳ, аз ҷумла сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Манзура Ҳасанова ва омӯзгори ин кафедра Саврӣ Муҳаммадиева низ доир ба аҳаммияти гиромидошти ин шахсияти барҷаста андешаҳои худро баён доштанд.
Қисмати адабии маҳфил бо қироати ашъори Робиаи Балхӣ аз ҷониби донишҷӯён рангу ҷилои тоза гирифт.
Таъкид шуд, ки аз мероси адабии Робиаи Балхӣ ҳамагӣ 55 байт боқӣ мондааст, ки аз 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 байт иборат мебошад. Бо вуҷуди кам будани осор, истеъдоди баланди шоирии ӯ равшан эҳсос мегардад. Мавзуъҳои асосии ашъори ӯ ишқи поки инсонӣ, зебоиҳои табиат ва андешаҳои фалсафӣ мебошанд.
Гуфта шуд, ки Робиаи Балхӣ аз нахустин шоирзанони порсигӯй буда, ҳамасри Рӯдакӣ маҳсуб меёбад. Ӯ дар Балх ба дунё омада, бо истеъдоди нотакрор ва завқи баланди шеърнависӣ шуҳрат ёфтааст.
Ҳаёти ӯ саршор аз ишқу фоҷеа буда, қиссаи муҳаббати ӯ ба Бектош ва анҷоми фоҷиабораш илҳомбахши бисёре аз адибон гардидааст. Дар ин замина, Фаридуддин Аттор низ дар асари худ «Илоҳинома» аз зиндагии ӯ ривоят кардааст.
Дар фарҷом меҳмонон аз китобхонаи илмии донишгоҳ боздид намуда, бо ин маъхази адабӣ ва илмӣ ошно гардиданд.
Тоҷ
Рус
Eng