СУЛҲУ ВАҲДАТ - АСОСИ МУЗАФФАРИЯТҲОИ КИШВАР
Санаи 23 апрели соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзуи «Сулҳу ваҳдат - асоси музаффариятҳои кишвар» доир гардид. Мақсади баргузории он тақвият бахшидани арзишҳои ваҳдат ва истиқлолият, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ миёни ҷавонон мебошад.
Нахуст, Садриддин Раҷабов, эдвайзер оид ба тарбия таъкид кард, ки истиқлолият ва ваҳдат асоси ташаккули ҷомеаи ором мебошад, ки дар он ҳамаи шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бояд масъулияти бузурги худро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат эҳсос намоянд.
Инчунин, мудири кафедраи менеҷмент Илҳом Неъматов ва мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсия Субҳоналӣ Мирзоев аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро барои ҷавонон омӯзанда ва муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи чорабини профессор Иномҷон Аминов зимни ироаи мавзуи «Сулҳу ваҳдат - асоси музаффариятҳои кишвар» аҳамияти ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди мардумро дар расидан ба музаффариятҳои ҷомеа ва пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Истиқлолият ва ваҳдат муҳимтарин шарти рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо бояд ба қадри ин арзишҳо бирасем ва барои ҳифзи онҳо кӯшиш кунем.
Дар охир муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Орифҷон Фозилзода иброз дошт, ки баргузории ин гуна ташаббусҳо метавонанд дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва огоҳии сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон нақши асосӣ дошта бошад.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng