ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ “ҶОМИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ДДМИТ”
Рӯзи 23-юми апрели соли равон бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ва масъулини Иттифоқи касаба, инчунин, шуъбаи кор бо ҷавонон, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд барои ба даст овардани “Ҷоми Иттифақи касабаи ДДМИТ” миёни донишҷӯёни 7 факултет оғоз гардид.
Бино ба иттилои сармутахассиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф Бахтиёр Расулов, мақсади асосии мусобиқаи варзишӣ, пеш аз ҳама, тарзи ҳаёти солим, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дар ҳамин замина, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад.
Ғолибон дар ҷамбасти мусобиқа муайян гардида, бо Ҷом ва Ифтихорнома қадрдонӣ карда мешаванд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng