23 апрели соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ, бо ташаббуси ҶСК “Алиф Бонк” чорабинии маърифатӣ дар мавзуи “Саводнокии молиявӣ” доир гардид.

Чорабинӣ бо ташаббуси раёсати таълим ва бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ доир шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ ва рақамии шаҳрвандон мебошад.

Дар доираи иҷрои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 масъалаҳои баланд бардоштани саводнокии рақамӣ, огоҳӣ аз хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ шуданд.

Раиси ҶСК “Алиф Бонк” Гуланор Атобек дар мавзуи “Саводнокии молиявӣ” оид ба тарзи самаранок истифода бурдани маблағҳои молиявӣ ва бароҳмонии рафтори оқилонаи молиявии шаҳрвандони кишвар суханронӣ намуд.

Инчунин, дар мавзуи “Интернет қаллобон” сардори шуъбаи қарзҳои мушкилситон Шаҳбоз Бобомуродов атрофи муассисаҳои молиявӣ системаҳои зидди қаллобиро барои назорати молиявӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ татбиқ мекунанд ва чӣ гуна эҳтиёт намудан маблағҳои пулии худро аз қаллобони интернетӣ ҳимоя кард.

 

Г. ЛАТИПОВА,

сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият