Тибқи нақшаи чорабиниҳои факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дар ҳамбастагӣ бо раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ 23 апрели соли 2026 бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони «Маърифати шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ» доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова, декани факултет Наврӯз Умаров, эдвайзер оид ба тарбия Садриддин Раҷабов, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ декани факултет Наврӯз Умаров таъкид намуд, ки пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе дар давраи 35 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, аз як маҳаллаи хурд ба як пойтахти муосиру зебо табдил ёфтааст. Имрӯз Душанбе ба маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мубаддал гардида, ҳамасола даҳҳо конфронсу ҳамоишҳои бонуфуз дар он доир мегарданд ва шумораи сайёҳон ба миллионҳо нафар мерасад.

Қайд гардид, ки маърифати шаҳрдорӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ аз муҳити оила, кӯдакистон ва муассисаҳои таълимӣ оғоз меёбад. Ҳар як шаҳрванди огоҳ вазифадор аст, ки фарзандони худро дар рӯҳияи эҳтиром ба муҳити зист, покизагӣ ва рафтори шоиста тарбия намояд. Аз ҷумла, риояи одоби ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо, боғҳо ва ҷойҳои фароғатӣ, напартофтани партовҳо ва эҳтиром ба моликияти ҷамъиятӣ аз нишонаҳои муҳими фарҳанги шаҳрнишинӣ ба ҳисоб мераванд. Ободии шаҳри азизамон ба фарҳанг ва масъулияти ҳар як сокини он вобаста мебошад.

Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова зимни баромади худ зикр намуд, ки имрӯз шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «шаҳри гулҳо» эътироф гардидааст. Хусусан, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ба пойтахти кишвар ташриф оварда, аз зебоиҳо ва фазои фарҳангии он баҳравар мегарданд.

Ҳамзамон, ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва риояи одоби шаҳрдорӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Зиндагӣ ва таҳсил дар пойтахт аз ҷавонон масъулияти бештар талаб намуда, онҳоро водор месозад, ки фарҳанги миллӣ, аз ҷумла либоси суннатӣ, рафтори намунавӣ ва худшиносии миллиро риоя ва тарғиб намоянд.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки мутасаддиён бояд бо донишҷӯён ҳамкории зичро ба роҳ монда, онҳоро ба омӯзиши таърих ва тамаддуни шаҳри Душанбе, инчунин, ба аз бар намудани маърифати шаҳрвандӣ ҳидоят намоянд. Танҳо дар ин сурат ҷавонон метавонанд ҳадафу рисолати таҳсили худро дуруст дарк намуда, барои мутахассиси соҳибкасб шудан тамоми дониш, малака ва неруи худро равона созанд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА