БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
Бо ташаббуси кафедраи идораи давлатии маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии донишгоҳ 23 апрели соли равон дар синфхонаи методӣ семинари илмӣ-методӣ бо иштироки донишҷӯёни ихтисоси 010101 - идораи маҳаллӣ доир гардид.
Семинарро муовини декан оид ба илм Қадриддин Фатҳиддинзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти мубрам ва саривақтии мавзуи баррасишаванда ибрози назар карда, таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои табиӣ, бахусус об аҳамияти хоса пайдо намудаанд. Дар ин замина, қабули Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, ҳамчун иқдоми муҳими байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Сипас, устоди кафедра Раҷабмурод Фозилов дар мавзуи «Сохтори идоракунии истифодаи захираҳои обию ирригатсионии ҷумҳурӣ» бо истифода аз тахтаҳои электронӣ маърузаи пурмуҳтаво пешниҳод намуд. Қайд гардид, ки такмил додани сохтори идоракунии захираҳои обӣ ва ирригатсионӣ дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди устувори кишвар ва минтақа мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дорои имкониятҳои бузург мебошад. Зиёда аз 50 фоизи ҳаҷми умумии сарчашмаҳои обии ҳавзаи баҳри Арал ба ҳудуди кишвар рост омада, ин нишондиҳанда Тоҷикистонро дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеи пешсаф мебахшад. Ҳамчунин, пиряхҳо, ки тақрибан 8 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро фаро мегиранд, манбаи асосии захираҳои оби нӯшокӣ маҳсуб меёбанд.
Дар идомаи маъруза таъкид шуд, ки танзими захираҳои об тавассути як қатор обанборҳо амалӣ гардида, ҳаҷми умумии оби истифодашаванда сол то сол тағйир ёфта истодааст. Ҳамзамон, тағйирёбии иқлим ба коҳиши захираҳои обӣ, махсусан пиряхҳо таъсири манфӣ расонида, метавонад ба амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ таҳдид эҷод намояд.
Маърузачӣ ба масъалаҳои истифодаи самараноки маблағгузории соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пешниҳод кард, ки дар раванди ташаккули буҷети давлатӣ маблағҳои зарурӣ барои рушди мелиоратсия ва беҳтар намудани ҳолати заминҳои обёришаванда мунтазам пешбинӣ карда шаванд.
Дар фарҷоми семинар зикр шуд, ки татбиқи чорабиниҳои пешниҳодгардида ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обию ирригатсионӣ замина гузошта, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng