ВУСЪАТИ МУНОСИБАТҲОИ МОЛИЯВИЮ ҚАРЗИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
23 апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявию қарзии байналмилалии донишгоҳ семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон - иштирокчии фаъоли муносибатҳои молиявию қарзии байналмилалӣ» доир гардид. Чорабинӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида шуда, дар семинар докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон, аз ҷумла узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродзода, Ҳамидулло Фақеров, инчунин муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов, декани факултет Фаридун Убайдов, намояндагони раёсати илм ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои боз»-ро бомуваффақият амалӣ намуда, ҳамкориҳоро бо ниҳодҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ густариш медиҳад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон имрӯз узви фаъоли ҷомеаи иқтисодии ҷаҳонӣ буда, дар низоми хоҷагии ҷаҳон мавқеи худро пайдо кардааст.
Профессор Ҳамидулло Фақеров аҳамияти мавзуи баррасишавандаро таъкид намуда, онро яке аз масъалаҳои калидӣ дар шароити иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ кард. Ҳамчунин, аз таҷрибаи шахсии худ мисол оварда, тағйироти мусбати иқтисодии кишварро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъкид намуд.
Сипас, профессор Лутфулло Саидмуродзода маърузаи муфассал ироа намуда, масъалаҳои нақши Тоҷикистон дар ҷалби сармояи хориҷӣ; истифодаи қарзҳои имтиёзнок; ислоҳоти низоми бонкию молиявӣ; идоракунии қарзи давлатӣ ва таъмини устувории молиявӣ; дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ; сиёсати асъорӣ ва ташаккули қурби расмии сомониро мавриди таҳлил қарор дод.
Қайд гардид, ки Тоҷикистон бо чунин созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё ҳамкории фаъол дорад. Қарзҳои бисёрҷониба асосан бо шартҳои мусоид фоизи паст ва муҳлати дароз пешниҳод мегарданд. Қарзҳои дуҷониба ва кафолатнок низ ҳамчун воситаи муҳими дастгирии иқтисоди миллӣ арзёбӣ шуданд.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки қурби расмии сомонӣ дар асоси талаботу пешниҳоди бозор ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ муайян гардида, барои ҳисобдорӣ, андоз ва пардохтҳои гумрукӣ истифода мешавад.
Дар қисмати ҷамъбастӣ мудири кафедра Фаридулло Убайдуллоев ва профессор Ҳамидулло Фақеров мубодилаи афкор карданд. Дар рафти саволу ҷавоб донишҷӯён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng