Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13-уми май дар ДДМИТ дарси сиёсӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - мактаби ташаккули маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон” доир гардид. Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Сино Ҳабибзода Зоҳир Иззат, роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо мардуми кишвар дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон қарор доранд. Маҳз дар ин замина, баргузор гардидани чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ барои таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ба андешаи ректор, яке аз ниҳодҳои фаъоли сиёсӣ дар самти татбиқи сиёсати давлат ва тарғиби ғояҳои созандаи миллӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Ҳизб дар давраи бисёр ҳассоси таърихии кишвар таъсис ёфта, бо такя ба ормонҳои миллӣ ва иродаи мардум тавонист дар муддати кӯтоҳ ба як неруи муассири сиёсӣ ва мактаби тарбияи ватандӯстии ҷавонон табдил ёбад.

Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор афзуд, ки ғояҳои созанда ва сиёсати дурбинонаи Раиси муаззами ҳизб - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосии пешрафти давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа ба шумор мераванд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло оид ба нақши ҳизб дар ташаккули маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос суханронӣ намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби умумимиллӣ аз ирода ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон сарчашма гирифта, аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар роҳи барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории навини тоҷикон саҳми назаррас гузоштааст.

Қайд гардид, ки ҳизб имрӯз низ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими фарҳанги сиёсӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон фаъолияти густурда дорад.

Дар ҷараёни дарси сиёсӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла тарғиби сиёсати давлатӣ, таҳкими мафкураи миллӣ, ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, муқовимат бо таҳдидҳои муосир, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ, рушди корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шоҳиён Абдураҳим изҳор дошт, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва густариши фазои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва амнияти иттилоотӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди ватандӯст ба ҳисоб меравад. Ҷавонон бояд бо дарки баланди сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ба мактаби воқеии камолоти сиёсӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон табдил ёфта, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муассир дорад.

Дар рафти чорабинӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ ба масъулин тавсияҳо ва супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷавонони имрӯза ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд бо дониш, маърифат, худшиносии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар ҳифзу таҳкими дастовардҳои истиқлолият, сулҳу субот ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёне, ки барои шомил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатнома ва дафтарчаҳои аъзогии ҳизбӣ супорида шуданд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА