РУШДИ ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ ВА АРЗЁБИИ ИҚТИСОДӢ-ОМОРИИ ОН
Санаи 13 майи соли равон бо ташаббуси факултети ҳисобдорӣ ва омор дар ҳамдастӣ бо раёсати илм ва инноватсия дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва арзёбии иқтисодӣ-омории он” доир гардид, ки ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии ДДМИТ бахшида шуд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов изҳор дошт, ки семинари имрӯзаи мо дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, дар партави иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ” ва инчунин, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2023, таҳти №321 роҳандозӣ гардидааст. Бешакк, иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, баҳри таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам мегузорад ва дар баробари ин, ҷиҳати баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Тавре муовини ректор афзуд, гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, ба таъбири маъмул, талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, як қатор мушкилотро аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии шаҳрвандон мешавад.
Гуфта шуд, ки дар ин радиф, ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин ҷараёнро осон ва мувофиқ мегардонад.
Дар идома меҳмони семинари илмӣ-амалӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом баромад намуда, нақши гузариш ба пардохтҳои рақамӣ дар иқтисодиётро шарҳ дода, афзуд, ки баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, таҳкими рақобатпазирӣ, таъмини шаффофияти амалиётҳо ва тавсеаи фарогирии молиявӣ дар ин раванд метавонанд ба ҳайси механизми таҳрикбахш дар сафи пеши бахши бонкӣ қарор дошта бошанд.
Дар идома муовини раиси Бонки миллӣ тақвияти фарогирии молиявӣ, таъмини хизматрасонии фосилавӣ ва шабонарӯзӣ, суръатбахшӣ ва сода намудани равандҳои пардохт ва хизматрасонӣ, коҳиш додани хароҷоти амалиётӣ барои ҳамаи тарафҳои манфиатдор, таъмини шаффофият, тақвияти баҳисобгирӣ ва назорати амалиётҳо, маҳдуд намудани омилҳои инсонӣ ва мубориза бо фасодкорӣ, инчунин, таъмини муттасилии хизматрасонӣ дар шароити фавқулодаро ба сифати афзалиятҳои рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ номбар кард.
Дар фароварди ҳамоиш устодони донишгоҳ Рустам Раҳматзода, Ҷонибек Зубайдов, Бобомурод Бобомуродов, Наҷибулло Мирзоқурбонов, Исматулло Аҳадов ва Хуршед Давлатов ба муҳокимаву музокира баромада, иброз доштанд, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз равандҳои муҳими иқтисоди муосир ба шумор меравад, ки дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадриҷан густариш меёбад. Ин раванд на танҳо сатҳи муомилоти молиявиро осон мекунад, балки ба шаффофияти иқтисод, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳо низ мусоидат менамояд.
Зикр карда шуд, ки раванди мазкур танҳо тағйири шакли муомилоти маблағ набуда, балки қадами муҳим дар роҳи ташаккули иқтисоди муосир, шаффоф ва рақамӣ мебошад. Ин раванд ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, таҳкими низоми молиявӣ ва болоравии имкониятҳои иқтисодии кишвар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, густариши фарҳанги истифодаи пардохтҳои электронӣ яке аз талаботи муҳими рушди ҷомеаи имрӯз ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъбасти семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов бо ёдоварӣ аз иқдомоти созандаву тадбирҳои амалии қобили таваҷҷуҳи ДДМИТ дар мавриди вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ зикр кард, ки муассисаи таълимӣ дар баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявии “Маърифати молиявӣ” ва “Амнияти молиявӣ” фаъол буда, дар ин росто, боиси ифтихор аст, ки ду сол пайиҳам шоҳҷоизаи озмуни таъсисдодаи Бонки миллии Тоҷикистон - “Саводнокии молиявӣ”-ро донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод соҳиб мешаванд.
“Зеро, раёсат ва ҳайати омӯзгориву профессории донишгоҳ ҳамчун муассисаи олии фаъолияташ бевосита ба иқтисод ва молия нигаронидашуда хуб дарк мекунанд, ки густариши пардохтҳои ғайринақдӣ яке аз нишонаҳои муҳими ҳаракат ба сӯи иқтисоди муосир ва ҷомеаи рақамӣ ба шумор меравад. Бо рушди технологияҳои рақамӣ, болоравии маърифати молиявии аҳолӣ ва дастгирии давлату низоми бонкӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ метавонанд ба яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ, беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мубаддал гарданд. Аз ин рӯ, татбиқ ва тавсеаи чунин низом тақозои замон ва омили муҳими пешрафти ҷомеаи муосир мебошад”, - ҳамоишро хотима бахшид муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng