Рӯзи 5 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар асоси мактуби Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2026 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 4 майи соли ҷорӣ даври донишгоҳии Олимпиадаи байналмилалии «Бехатарии молиявӣ» гузаронида шуд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, ҷустуҷӯи ҷавонони боистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии онҳо, фаъолияти таълимӣ-омӯзишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи бехатарии молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, рушди шахсият, мусоидат дар интихоби касбии донишҷӯён Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ баргузор карда мешавад. Баргузории чунин олимпиадаҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва омодагии касбии ҷавонон аҳаммияти калон дошта, заминаи мусоид барои дарёфти истеъдодҳои нав фароҳам меорад.

Олимпиада бо ташаббуси Хадамоти мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Институти шабакавии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардида, даври хотимавии он аз 27 сентябр то 2 октябри соли 2026 дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия баргузор хоҳад шуд.

Дар даври донишгоҳии олимпиада қариб 40 нафар донишҷӯ аз ихтисосҳои гуногун иштирок намуда, донишу малакаи худро аз рӯи самтҳои иқтисодиёт, молия ва қарз, бехатарии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, бехатарии иттилоотӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ санҷиданд. Аз шумораи умумии иштирокчиён донишҷӯёне, ки холҳои баландтаринро соҳиб гардиданд, ба даври минбаъда, яъне суҳбат бо намояндагони БМТ роҳхат гирифтанд.

Бояд зикр намуд, ки донишҷӯёни ДДМИТ ҳамасола дар олимпиадаи мазкур фаъолона иштирок намуда, бо нишон додани донишу малакаи баланд соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва дипломҳои байналмилалӣ мегарданд.

Тавре муовини ректор оид ба илм ва инноватсия иброз намуд, иштироки донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии муосир, рушди қобилияти таҳлилӣ ва тарбияи мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад.

Ҳамзамон, бо ташаббуси ДДМИТ ҳамасола Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор мегардад, ки он низ ба густариши донишҳои иқтисодиву молиявии донишҷӯён ва рушди тафаккури илмии онҳо мусоидат менамояд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА