Рӯзи 4-уми майи соли равон бо ташаббуси китобхонаи илмии донишгоҳ семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рақамикунонии фаъолияти китобхонаи илмӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ДДМИТ доир гардид.

Дар оғози ҳамоиш сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода иброз дошт, ки китоб яке аз муҳимтарин воситаҳои ташаккули ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Китоб ҳамчун ганҷинаи маънавӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва интиқоли хотираи таърихӣ аз насл ба насл нақши муҳим дорад.

Имрӯз дар донишгоҳ китобхонаи электронӣ ва ду толори хониш дар хобгоҳҳои №1 ва №2 фаъолият менамоянд. Байни онҳо мунтазам табодули адабиёти тахассусӣ ва бадеӣ сурат мегирад. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳи забондонии кормандон ва донишҷӯён курсҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ ташкил шудаанд.

Дар идомаи семинар декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ София Темурбекова, мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика Умар Воҳидов, сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ Камолиддин Зарипов ва донишҷӯи ҳамин факултет Шаҳриёр Абдусаидзода дар бораи раванди автоматикунонии хизматрасониҳои китобхонаи илмӣ суханронӣ намуда, ҷанбаҳои гуногуни масъалаи рақамикунониро шарҳ доданд.

Қайд карда шуд, ки дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои гуногун яке аз шартҳои асосии рушд ба шумор меравад. Дар доираи нақшаи стратегии ДДМИТ рақамикунонии сохторҳои алоҳида ба роҳ монда шуда, дар оянда ба ташаккули донишгоҳи рақамӣ замина мегузорад. Аз ин рӯ, кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика тасмим гирифтааст, ки рақамикунонии фаъолияти китобхонаи илмиро амалӣ намояд.

Иштирокчиёни семинар афзалиятҳои асосии рақамикунонии китобхонаҳоро чунин арзёбӣ карданд: осон гардидани дастрасӣ ба маълумот тавассути системаҳои электронӣ ва пойгоҳҳои додаҳо; ҳифзи мероси илмӣ ва нигоҳдории дарозмуддати ҳуҷҷатҳои нодир; баланд гардидани самаранокии идоракунии китобхона тавассути каталогҳои электронӣ ва ҷустуҷӯи автоматӣ; густариши ҳамкориҳои илмӣ ва мубодилаи таҷриба бо шабакаҳои байналмилалӣ.

Дар фарҷоми семинар директори китобхонаи илмии ДДМИТ Азизулло Исматуллозода ба иштирокчиён ва меҳмонон барои баргузории чунин як семинари муҳим изҳори сипос намуда, онро барои рушди минбаъдаи фаъолияти китобхона судманд арзёбӣ кард.

Тағоймурод ЭШЗОДА