ИСТИҚЛОЛИЯТ - НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА РАМЗИ ОЗОДӢ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ, 4-уми майи соли равон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии донишҷӯён, дарси сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова иброз намуд, ки Истиқлолият барои миллати тоҷик неъмати бебаҳо, рамзи озодӣ ва пояи устувори давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан дар ҳифз ва таҳкими дастовардҳои Истиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.
Истиқлолият ба халқи тоҷик имконият фароҳам овард, то Конститутсияи худро қабул намуда, соҳиби рамзҳои давлатӣ гардад ва сиёсати дохилию хориҷии худро мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ амалӣ намояд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талошҳои Пешвои миллат ва заҳмати халқи созандааш дар ҳамаи соҳаҳо иқтисоду илм, маорифу фарҳанг, варзиш ва муносибатҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳамчунин, декани факултет София Темурбекова зимни суханронии худ иброз дошт, ки Истиқлолият ба мардуми тоҷик имконият дод, то арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва забони давлатиро ҳифз ва рушд диҳанд. Вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳифзи ин неъмати бузург ва хизмат ба Ватан бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ мебошад.
Дар идома зикр гардид, ки Истиқлолият барои ҳар як миллат арзиши муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта, ба давлат имкон медиҳад сиёсати худро мустақилона пеш барад, рушди иқтисоди миллӣ, соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табииро таъмин намояд. Ҳамзамон, Истиқлолият барои ҳифз ва такмили забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни чорабинӣ баромадкунандагон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ намуда, аҳамияти Истиқлолиятро ҳамчун дастоварди бузурги миллӣ ва омили муҳими рушди устувори кишвар таъкид карданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng