🎥 Видео

Санаи 30 июли соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Сароғоз ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайра мақдам гуфта, перомуни самтҳои фаъолият, дастовардҳо, стратегияи рушди донишгоҳ ва сатҳу сифати таҳсилот мухтасар гузориш дод.

Бобоҷон Сатторзода дар гузориши худ мухтасаран зикр намуд, ки Муассисаи таълимии «Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» дар нимсолаи аввали соли 2025 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маориф ва аҳли эҷоди мамлакат фаъолияти худро ба роҳ монда, дар самти таълим, фаъолияти илмию инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ташкилию тарбиявӣ, маъмурию хоҷагӣ ва тавсеаи базаи моддию техникӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки нуфузу эътибори муассисаро ба сӯи ояндаи дурахшон наздик менамояд.

Ректори донишго Сатторзода Бобоҷон иброз доштанд, ки:

-таҷдиди назар ва дар шакли нав тасдиқ гардидани сохтори идоракунии муассиса;

- аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 5 соли оянда соҳиби “Шаҳодатнома” дар бораи аккредитатсияи давлатӣ гардидан;

- таҳия ва тасдиқи “Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030”;

- дар ретинги миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар ҷойи 4 –ум устувор мондан;

- бо дипломи аъло сазовор шудани 82 нафар хатмкунанда;

- вобаста ба талаботи замон ва мактуби ташкили 6 ихтисоси нави мутобиқ ба талаботи хизматрасонии шаҳрӣ барои соли таҳсили 2025-2026;

- бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии донишгоҳ харидорӣ ва насби 30 тахтаи электронии сенсории муосир, 25 моноблоки замонавӣ, 25 принтери бисёрфунксионалӣ, 110 камераҳои назоратии сабткунандаи симову садо ва 4 адад видеорегистратор ҳамчун воситаҳои техникии таълим;

- ба сифати ташкилкунандаи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” эътироф гардидани донишгоҳ;

-дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо ба даст овардани 5 ҷойи ифтихорӣ миёни 43 муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар мақоми 4-умро касб намудан;

-ҳимояи 5 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ аз ҷониби устодон;

- бо 6 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар созишномаи ҳамкориро ба имзо расонида;

- дар чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданн 22 нафар устодони донишгоҳ бо мақолаҳои илмӣ;

-расман ба фаъолият пардохтани сомонаи расмии маҷаллаи “Паёми молия ва иқтисод”-и донишгоҳ;

- ба таҷдид оғоз намудани Парки технологии донишгоҳ дар асоси шартномаи дутарафа байни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Коллеҷи касбии Линии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дар марҳилаи аввал ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ ворид карда шудани таҷҳизот ва лавозимоти корӣ аз дастовардҳои меҳварии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025 ба шумор меравад.

Дар ин росто, бо пешниҳоди маълумоти боло Бобоҷон Сатторзода изҳор намуд, ки ҳамроҳ бо муовинони ректор ва масъулини сохторҳои таркибии муассиса омода аст, ба пурсиши хабарнигорон посухи мукаммал ва возеҳ диҳанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар фурсати барои бахши пурсишу посух ҷудошуда раёсати донишгоҳ ба беш аз 35 саволу дархост ва пешниҳодоти хабарнигорон ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои тафоҳум, дастрасии комил ба иттилооти дақиқ ва бо риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ сурат гирифт.