Маросими ботантанаи тақдими дипломҳои курси такмили ихтисос
Рӯзи 26-уми июни соли равон дар ДДМИТ маросими ботантанаи тақдими дипломҳои курси такмили ихтисос доир гардид.
Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор хатмкунандагонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо барору муваффақият таманно намуда, бо боварӣ иброз дошт, ки вазифаи ҳар як омӯзгор аст, ки аз чунин курсҳо гузарад, зеро дониши аз ин машғулиятҳо азбарнамуда дар фаъолияти ояндаашон мусоидат менамояд.
Номбурда миннатдории худро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ба роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ расонида, афзуд, ки мақсад баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омӯзгорон буда, дарсҳо бомуваффақият гузаронида шуданд.
Сипас, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ Файзалӣ Маҳмадизода иброз дошт, ки коллективи бисёрнафараи ДДМИТ дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии раёсат пайваста аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Соли гузашта низ омӯзгорони ДДМИТ аз курси такмили ихтисоси равияи педагогика ва психология гузашта, соҳиби диплом гардида буданд. Чун анъана имрӯз ба 40 нафар омӯзгорону кормандоне, ки курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи иқтисодиёт гузашатанд, дипломҳо тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки курси мазкур муддати 15 рӯз идома ёфта, ба шунавандагоне, ки барномаи таълимиро пурра аз худ намуданд, дар вазъияти тантанавӣ дипломҳо тақдим гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng