Рӯзи 31-уми майи соли равон ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода бо кормандону омӯзгорони истиқоматкунандаи хобгоҳи №1-и донишгоҳ вохӯрӣ доир намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои тозагии роҳраву долонҳо ва атрофи хобгоҳ, вазъи коммуналӣ, тартибу низоми истиқоматкунандагон ва корҳои созандагиву ободонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, қайд кард, ки дар асоси дастгириҳои иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хобгоҳи №1-и ДДМИТ 81 нафар кормандон ва омӯзгорон истиқомат мекунанд. Бо истифода аз шароитҳои муосир ҳар як истиқоматкунандаи хобгоҳро лозим аст, ки ба қадри имкониятҳои муҳайёгардида расида, баҳри сабзу хуррам ва ободу зебо гардонидани муҳити зист саҳмгузор бошад.

Гуфта шуд, ки хобгоҳи мазкур дорои шароити зарурии зисту зиндагонӣ буда, он соли ҷорӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Роҳбарияти донишгоҳ ният доранд, ки дар оянда дар атрофи ин хобгоҳ барои гузоштани автомашинаҳо таваққуфгоҳ ва барои фарзандони кормандону омӯзгорон майдончаи бозӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Вобаста ба ин масъала, аз ҷониби ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода пешниҳод гардид, ки баҳри назорати доимии ҳолати беҳдоштию гигиенӣ ва тозагии муҳити зист аз ҷониби истиқоматкунандагони хобгоҳ дар ҳар як ошёна раис таъин карда шавад.

Ҳамин тавр, бо пешниҳод ва интихоби истиқоматкунандагони хобгоҳи мазкур шуро ва дар ҳар як ошёна раис интихоб гардид.

Ҳамзамон, бори дигар ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи шаҳрдорӣ, бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва риояи бечунучарои талаботи низомномаи хобгоҳ, тозагии роҳраву долонҳо ва атрофи хобгоҳ дастуру супоришҳои муфиду иловагӣ дода шуд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия