Вохӯрии самимии ректори ДДМИТ бо садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор
Рӯзи 30-уми майи соли равон, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода бо устодон ва кормандони факултети ҳисобдорӣ ва омор вохурӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба давраи ҷамъбастии имтиҳонҳои давлатӣ, таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён, ҳисоботи солонаи кормандону омӯзгорон, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои сессияи санҷишию имтиҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати самаранок истифода бурдан аз дастгирӣ ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар самти корҳои илмӣ, навиштани мақолаҳо ва саҳмгузорӣ намудан дар корҳои ободонии муассиса, ҳамзамон, дар самти иҷрои барномаю нақшаи чорабиниҳои мухталиф ва бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng