Рӯзи 29-уми октябр зимни мулоқот бо донишҷӯёни курсҳои якуми факултети молия ва қарзи донишгоҳ ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор онҳоро ба оғози марҳилаи нави ҳаёт - таҳсил дар донишгоҳ хайрамақдам гуфта, барои интихоб ва қадам гузоштан ба ҷаҳони дониш табрик намуд. Ректор таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввали таҳсил фаъол бошанд, вақти худро самаранок истифода баранд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии донишгоҳ иштирок намоянд ва ҳамчун насли ҷавони донишманд, ватандӯст ва масъулиятшинос парвариш ёбанд.

Сатҳи сифати таҳсилот ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ватандорӣ, хештаншиносӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, шиносоии донишҷӯён имкониятҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин, муҳити фарҳангиву иҷтимоии донишгоҳ аз масъалаҳои меҳварии ин мулоқот буд.

Ректори донишгоҳ, дар хусуси бештар гардидани талабот ба мутахассисони болаёқат дар ҷомеа сухан ронда, донишҷӯёнро ба илмомȳзӣ, донистани якчанд забони хориҷӣ ва дигар донишҳои замонавӣ даъват намуд.

- ДДМИТ яке аз муассисаҳои бонуфузи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аст, ки дар рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ҷойи чорумро устувор нигоҳ доштааст. Дар донишгоҳ китобхонаи илмӣ, лабораторияҳои фаннии муосир, синфхонаҳои компютерӣ ва марказҳои омӯзиши забон фаъолият доранд. Хуллас, барои донишандӯзӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва рушду ташаккули шахсияти толибилмон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, - афзуд ректор.

Дар идома, сардори таълимгоҳ афзуд, ки «Шумо шахси комилҳуқуқ буда, аз нуқтаи назари қонун, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пурра доред, яъне метавонед мустақилона дар муносибатҳои ҳуқуқӣ иштирок намоед, шартномаҳо бандед, ҳуқуқҳои худро амалӣ карда тавонед ва барои амалҳою уҳдадориҳои худ ҷавобгар мебошед. Бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро донед ва омӯзед, зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Дар охир, дар бораи аъзошавӣ ба китобхонаҳо, имкониятҳои идрорпулӣ ва барномаҳои табодули байналмилалӣ суханронӣ карда шуд.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ