қадамҳои устувор дар роҳи рушди донишгоҳ

Санаи 31 октябри соли 2025 ҳамоҳангсози калони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Раҳимҷон Азангазиев, роҳбари доимии Бонки осиёии рушд Ко Сакамото, роҳбари Идораи лоиҳаҳои ин бонк Родора Консепсион, инчунин, як гурӯҳ намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молиявии мазкур ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар саҳни муассиса ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ва ҳайати профессориву омӯзгорӣ истиқбол намуданд.

Сипас, дар толори Шурои олимон мулоқоти ректори донишгоҳ бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд доир гардид.

 Ибтидо Сатторзода Бобоҷон аз номи ҳайати профессориву омӯзгории муассиса ташрифи намояндагони ин ниҳодҳои байналмилалии молиявиро хайрамақдам гуфта, аз тақвияти ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо изҳори умедворӣ намуд.

Ҳамчунин, таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёи рушд ҷиҳати пешрафти бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои иқтисоду молия, маориф ва илм, технологияҳои инноватсиониву коммуникатсионӣ, инкишофи неруи инсонӣ шарикони боэътимод ҳастанд.

Ректори донишгоҳ зимни суханронии худ аз ташаббуси Шурои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ оиди ба тасвиб расонидани аввалин лоиҳаи дастгирии сиёсати рушд, ки ҳадафи он ташаккулу инкишофи барномаҳои иқтисодии кишвари мо ҳамчун “Тоҷикистони рақобатпазир ва фарогир” мебошад, ёдовар шуда, иброз дошт, ки амалинамоии ин барнома ҷиҳати рушди соҳаҳои маориф ва илм чун дигар бахшҳои ҳаётан муҳим мусоидат менамояд.

Дар идомаи мулоқот Сатторзода Бобоҷон оиди имконияту шароитҳои мавҷудаи таълимии муассиса ба меҳмонон иттилоъ дод. Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи замонавӣ дар бозори меҳнат яке аз муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Феълан, дар донишгоҳ бештар аз 8500 нафар донишҷӯ дар 7 факултет аз рӯи 48 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шуда, 22 нафар доктори илм, 138 нафар номзади илм, 84 нафар муаллими калон ва 161 нафар ассистент фаъолияти таълимиву илмӣ доранд. Донишгоҳ дорои 20 кафедраи тахассусӣ, 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ, 9 озмоишгоҳи таълимӣ, 2 маркази тестӣ, китобхонаи илмиву электронӣ, парки технологӣ буда, ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои муассири таълимиву илмӣ шароитҳои заруриро соҳиб аст. Таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистратура, докторантура, доктори PhD ва таҳсилоти дуюми олӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

 - Шароитҳои мавҷуда баҳри вусъат ёфтани робитаҳои илмӣ, татбиқи барномаҳои инноватсионии таълимӣ ва ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ имконияти васеъ медиҳад ва дар ин росто, мо аз густариши ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд ҳавасманд ҳастем, - гуфт Сатторзода Бобоҷон.

 

 Сипас, ҳамоҳангсози калони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Раҳимҷон Азангазиев сухан намуда, баҳри пазироии гарму самимии роҳбарият ва ҳайати профессориву омӯзгории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Раҳимҷон Азангазиев омодагии ҳамаҷонибаи Бонки ҷаҳониро барои ҳамкорӣ бо донишгоҳ иброз намуда, таъкид дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар тадбиқи барномаву лоиҳаҳои илмӣ, ҷорӣ намудани навгониҳо дар истеҳсолот, бозомӯзиву такмили ихтисоси мутахассисон, омода намудани кадрҳои илмӣ яке аз шарикони калидии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бошад.

 Зимни суханронии худ роҳбари доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото хушнудиву сипосгузории худро оиди истиқболи самимӣ ба роҳбарияти ДДМИТ баён дошт. Мавсуф таъкид кард, ки Бонки осиёии рушд дар доираи барномаҳои ба самти маориф ва илм равонакардаи худ метавонад ҷиҳати рушди бомароми ҳадафҳои стратегиву барномавии донишгоҳ саҳмгузорӣ намояд. Ӯ густариши ҳамкориҳоро вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисоди сабз, рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани маърифатнокии молиявию бехатарии иқтисодӣ, ташаккули маърифати технологиву инноватсионӣ, фароҳам овардани шароити инкишофи зеҳни сунъӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Роҳбари Идораи лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд Родора Консепсион низ хушнудии худро аз пазироиш дар донишгоҳ баён кард. Ҳамчунин, ӯ зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки осиёии рушд ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар заминаи имкониятҳои таълимиву илмӣ, омода намудани мутахассисони ҷавони дорои донишу малакаи хуби касбӣ, фароҳам овардани имкониятҳои худташаккулдиҳии донишҷӯён, равона намудани мутахассисони ҷавон ба истеҳсолот ҳамчун неруи фаъоли иқтисодӣ таъкид дошт.

Дар идомаи вохӯрӣ муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ва сардори раёсати илм ва инноватсия Осим Фарайдунов суҳбат намуда, зарурати тавсеаи ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд вобаста ба масъалаҳои иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ, ташкили марказҳои машваратии иқтисодӣ-иҷтимоӣ, зеҳни сунъӣ, рушди сармояи инсонӣ, ташкили таҳсилоти рақамӣ, бозомӯзӣ ва рушди касбияти мутахассисони соҳаҳои иқтисодиву молиявӣ, банизомдарории таҳсилоти дуалӣ зарур арзёбӣ намуданд.

Дар идома меҳмонон аз озмоишгоҳҳо, лабораторияҳо, синфхонаҳои таълимӣ, китобхонаи илмиву электронӣ ва дастовардҳои донишгоҳ дидан карда, вобаста ба шароитҳои мавҷудаи муассиса маълумоти дақиқ пайдо намуданд.

Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби ректори донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ