ДОНИШҶӮИ ДДМИТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОЙИ АВВАЛ ГАРДИД
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба кураш баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарони шаш кишвари Осиёи Марказӣ ширкат варзида, барои ба даст овардани мақоми беҳтарин миёни ҳам рақобат карданд. Дар ин сабқати байналмилалӣ донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1960101-и факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Мубориз Баротзода бо маҳорати баланди варзишӣ баромад намуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Ба ғолиб медал ва диплом супорида шуд. Мубориз Баротзода барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва ба даст овардани натиҷаи назаррас аз ҷониби Раиси Федератсияи самбои ҷумҳурӣ Ҷомӣ Ҳасан қадрдонӣ гардид.
Ин аввалин дастоварди назарраси байналмилалии варзишгари ҷавон нест. Ӯ 2 августи соли равон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мусобиқаи байналмилалии ин риштаи варзиш иштирок намуда, миёни намояндагони 70 давлат сазовори ҷойи дуюм гардида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошт.
Дастовардҳои пайдарпайи Мубориз Баротзода аз меҳнатдӯстӣ, иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва кӯшиши пайвастаи ӯ барои такмили маҳорати варзишӣ шаҳодат медиҳанд. Ин муваффақият нишон медиҳад, ки донишҷӯёни ҷавон метавонанд дар баробари таҳсил ба фаъолияти варзишӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ обрӯю эътибори муассисаи таълимӣ ва кишварро баланд бардоранд.
Ҷойи аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Мубориз Баротзода дастоварди арзанда ва қадами муҳим дар роҳи фаъолияти минбаъдаи варзишии ӯ мебошад. Умед аст, ки ин варзишгари ҷавон дар оянда низ бо иштироки фаъол дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои нав ноил гардида, парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад бардошт.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng