ВОХӮРИИ СУДМАНД БО МУТАХАССИСОНИ ОЯНДА
Дар доираи чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ дар факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ бо иштироки донишҷӯёни курси чорум вохӯрии судманд доир гардид.
Ҳадафи вохӯрӣ баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, инчунин омодасозии донишҷӯён ба ҳаёти мустақилонаи касбӣ мебошад. Дар рафти вохӯрӣ муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ декани факултет Мастура Буризода, эдвайзер оид ба таълим Абдураҳмони Баҳром, эдвайзер оид ба тарбия Абдулло Камолзода ва муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Давлатҷон Ҳукматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки донишҷӯёни соли охир бояд дар баробари дониш ва малакаи касбӣ, дорои ҷаҳонбинии васеъ, фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва фарҳанги муошират бошанд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи интизоми таълимӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои илмӣ-таълимӣ, иштироки фаъол дар корҳои илмӣ ва омодагӣ ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, такмили захираи луғавӣ ва истифодаи самараноки захираҳои илмӣ ва таълимии байналмилалӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин, ба донишҷӯён оид ба фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии рафторҳои номатлуб ва риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуданд.
Дар фарҷом таъкид шуд, ки мутахассиси оянда бояд донишҳои андӯхтаи худро дар фаъолияти касбӣ самаранок истифода намуда, бо меҳнати содиқона, рафтори намунавӣ ва ташаббусҳои созанда дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ баргузор гардида, миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт ва ба саволҳои донишҷӯён посухҳои дахлдор дода шуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng