«ДУРАХШИ ИЛМ» - МАҲФИЛИ ИЛМӢ БАРОИ РУШДИ ДОНИШ ВА ТАФАККУРИ ТАҲҚИҚОТӢ
Дар толори конфронсии донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ маҳфили илмии донишгоҳӣ таҳти унвони «Дурахши илм» баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбидин Муқимзода, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбидин Муқимзода ифтитоҳ намуда, доир ба аҳаммияти баргузории маҳфилҳои илмӣ, нақши онҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди қобилияти таҳқиқотии донишҷӯён суханронӣ кард.
Зикр гардид, ки ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоб рафта, барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб, донишманд ва рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки маҳфилҳои илмӣ ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки донишҳои назариявии худро такмил дода, дар баробари омӯзиши масъалаҳои мубрами соҳаи интихобкардаашон, қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва пешниҳоди натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро инкишоф диҳанд.
Дар идомаи маҳфил донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси 1-25010403 бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.
Аз ҷумла, донишҷӯ Хоҷаев Комрон дар мавзуи «Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда дар шароити иқтисодиёти рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза пешниҳод намуда, масъалаҳои марбут ба тартиби баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда ва хусусиятҳои онро дар шароити рушди иқтисодиёти рақамӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Инчунин, донишҷӯ Кенҷаева Озода дар мавзуи «Вазъи низоми андоз ва маъмурикунонии он дар шароити рақамикунонӣ» баромад намуда, масъалаҳои муҳими низоми андоз, раванди маъмурикунонии андоз ва нақши технологияҳои рақамиро дар такмили фаъолияти мақомоти андоз таҳлил кард.
Дар муҳокимаи маърузаҳои илмӣ донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла Абдураҳимзода Муҳаммад - донишҷӯи курси чоруми факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ; Бекмуродова Маҳлиё - донишҷӯи курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ; Самир Аламов - донишҷӯи курси дуюми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иноватсионӣ; Шарипов Шорух - донишҷӯи курси чоруми факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ, инчунин роҳбари маҳфил Фирдавс Шодиев иштирок намуданд.
Иштирокчиён доир ба мазмуну муҳтавои маърузаҳо, аҳаммияти амалии масъалаҳои баррасишуда ва роҳҳои такмили таҳқиқоти илмӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои судманди худро иброз доштанд. Муҳокимаи озод имкон фароҳам овард, ки ҷанбаҳои гуногуни мавзуъҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, донишҷӯён донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ гардонанд.
Савринисо Давлатова,
муҳарри шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng