17 ноябри соли 2026 бо ташаббуси кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании донишгоҳ мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши мудофиаи гражданӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон, инчунин омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ буд.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қудбиддин Муқимзода, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, подполковник Ҷумабек Умарзода, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ, подполковники эҳтиётӣ Собир Шокиров, подполковники мустаъфӣ Рамазон Раҳмонов, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, Собир Шокиров оид ба аҳамияти мудофиаи гражданӣ дар таъмини амнияти шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият суханронӣ намуда, зарурати баланд бардоштани дониш ва малакаҳои амалии аҳолиро дар ин самт таъкид кард.

Сипас, Қудбиддин Муқимзода баргузории чунин чорабиниҳоро дар тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва ташаккули масъулиятшиносии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷумабек Умарзода дар бораи фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дастовардҳои он дар даврони истиқлолият маълумот дода, таъкид кард, ки ҳифзи сулҳу субот ва арзишҳои миллӣ масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

Рамазон Раҳмонов дар мавзуи «Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими низоми мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, нақши ин сохторро дар ҳифзи ҳаёти аҳолӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, ташкили корҳои наҷотдиҳӣ ва коҳиш додани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро шарҳ дод.

Ҳамчунин, донишҷӯён Саида Сайфзода дар мавзуи омодагии аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва Фариштамоҳи Тоҷиддин оид ба терроризми муосир ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ маъруза пешниҳод намуданд. Дар баромадҳо зарурати риояи қоидаҳои бехатарӣ, омӯзиши малакаҳои ёрии аввалия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва муқовимат ба ифротгароӣ таъкид гардид.

Дар идомаи мизи мудаввар омӯзгорону донишҷӯён, аз ҷумла Сабоҳат Сафарзода ва Салоҳ Каримов, фаъолона иштирок намуда, атрофи масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, амнияти миллӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва саҳми ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар баргузории мизи мудаввар ба подполковник Рамазон Раҳмонов ва донишҷӯён Саида Сайфзода, Сабоҳат Сафарзода, Салоҳ Каримов ва Фариштамоҳи Тоҷиддин ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

 

Савринисо ДАВЛАТОВА