ФАКУЛТЕТИ ҲИСОБДОРӢ ВА ОМОР ДАР САМТИ КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ДОРАНД
Зимни ҳисоботи корҳои тарбиявии факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сардори раёсати ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, декани факултет Ёрибек Тилабов, сардори шурои кураторони донишгоҳ Мавҷуда Давлатова, эквайзер оид ба тарбия Исматулло Ҷӯмаев ва устодони ин факулет иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор меравад.
Бо назардошти ин, садорати факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ дар соли таҳсили 2025-2026 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ ба роҳ монда, дар самти корҳои тарбиявӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Факултети ҳисобдорӣ ва омор яке аз воҳидҳои муҳими сохтори таълимӣ ва илмии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, аз соли 2012 фаъолият менамояд. Айни замон дар факултет се кафедраи тахассусӣ - баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили иқтисодӣ ва омор, инчунин, аудит ва ревизия фаъолият дошта, мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия, баҳисобгирӣ, аудит ва таҳлилро омода месозанд.
Дар соли таҳсили 2025-2026 дар факултет 41 гурӯҳи академӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи умумии донишҷӯён ба 789 нафар расид. Аз ин шумора, 107 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар факултет 4 нафар донишҷӯи ятими кулл, 5 нафар маъюб ва 22 нафар нимятим таҳсил менамоянд, ки пайваста зери ғамхорӣ ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва садорати факултет қарор доранд.
Бо мақсади таъмини иҷрои босифати нақшаҳои тарбиявӣ дар факултет фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академӣ, созмони ҷавонон, шурои бонувон ва шурои варзишгарон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои давлатӣ, волидайн ва фаъолони ҷомеа вохӯриҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбатҳои тарбиявӣ мунтазам баргузор мегарданд.
Давоми соли таҳсил даҳҳо чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор шуданд. Аз ҷумла, шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили Рӯзи дониш, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Артиши миллӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Модар ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардиданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарбиявӣ пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Дар ин замина, дар факултет чорабиниҳои сершумор таҳти унвонҳои «Терроризм ва экстремизм - зуҳуроти номатлуби замони муосир», «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар яки мост», «Пешгирии нашъамандӣ ва одамрабоӣ», «Тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ» ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз доир гардиданд.
Донишҷӯёни факултет дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯён Исломиддин Абдуллозода ва Мустафо Забиров дар мусобиқаҳои байналмилалии варзиши вазнин ва вазнбардорӣ ба гирифтани медалу дипломҳо мушарраф шуданд. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонони факултет дар баробари аз худ намудани донишҳои касбӣ ба тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар самти рушди фаъолияти эҷодӣ ва илмӣ низ дастовардҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд. Танҳо дар соли таҳсили 2025-2026 аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет 95 мақолаи илмӣ, таҳлилӣ ва вокунишӣ дар сомонаҳои расмӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба нашр расонида шуданд. Мавзуъҳои мақолаҳо масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва тарбиявиро фаро гирифта, ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии ҷавонон мусоидат намуданд.
Фаъолияти ҷамъиятии донишҷӯён низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, онҳо дар шанбегиҳо, маъракаҳои ниҳолшинонӣ, аксияҳои тарғиботӣ ва чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳу шаҳр фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин, донишҷӯён аз ҷойҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе боздид намуда, донишу ҷаҳонбинии худро такмил доданд.
Натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки фаъолияти тарбиявии факултети ҳисобдорӣ ва омор дар соли таҳсили 2025-2026 самаранок буда, барои тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст, соҳибкасб ва масъулиятшинос заминаи мусоид фароҳам овардааст. Роҳбарияти факултет тасмим дорад, ки дар оянда низ корҳои тарбиявиро тақвият бахшида, барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар охир ҷиҳати иштироки фаъолона дар чорабиниҳои гуногун ва натиҷаҳои назаррас дар кору фаъолият якчанд устодон бо сипочномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng