КИТОБИ НАВИ ДАРСӢ БА ТАБЪ РАСИД
Дар партави таваҷҷуҳи рӯзафзун ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳкими заминаҳои таълимиву методӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон боз як асари арзишманди илмӣ рӯйи чоп омад.
Китоби дарсӣ таҳти унвони «Амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ», ки муаллифи он доктори фалсафа (PhD), муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии донишгоҳ Мирзозода Аҳлиддин мебошад, бо ҳаҷми 442 саҳифа аз нашр баромад.
Асари мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида шуда, бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чоп тавсия гардидааст.
Ба китоб олимон ва мутахассисони соҳа - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Зариф Шарифов, номзадҳои илмҳои иқтисодӣ Баҳодур Каримов ва Олимхон Раҷабзода, инчунин, сардори раёсати молия ва муҳосиботи донишгоҳ Фазлиддин Саидмуҳудинов тақриз навиштаанд.
Дар китоб масъалаҳои назариявӣ ва амалии баҳисобгирии муҳосибӣ дар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, мазмуни он дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия шудааст. Асар барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии донишҷӯён, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа мусоидат менамояд.
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ, омӯзгорон, муҳосибон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng