ҒОЛИБИЯТИ ФИРДАВСИ БАҲОДУР
Дар маҷмааи варзишии “Парвиз Собиров”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни варзишгарони то 21-сола доир гардид.
Дар ин мусобиқа донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Фирдавси Баҳодур дар вазни 90 кило ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷойи дуюм ва бо медалу дипломи мусобиқа қадрдонӣ шуд.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи ғолиб бо ин дастоварди варзишӣ номи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро боз ҳам баланд бардошта, ба мусобиқаҳои минбаъдаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ роҳхат гирифт.
Бояд зикр намуд, ки Фирдавси Баҳодур имрӯзҳо аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ба ҳисоб рафта, таҳти роҳбарии мураббиён Садриддин Обидов, Саймумин Обидов ва устоди донишгоҳ Исматулло Ҷумаев тамрин менамояд. Ӯ борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, чандин маротиба ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, обрӯву нуфузи донишгоҳро боло бурдааст.
Мо Фирдавси Баҳодурро бо пирӯзии навбатиаш самимона табрик гуфта, ба ӯ дар таҳсил ва фаъолияти варзишӣ муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамоем.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng