Тибқи нақшаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, 19-уми майи соли равон дар озмоишгоҳи гумрукии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Қудратулло Мираков маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзуи «Усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридотӣ» доир гардид.

Зимни баромади худ роҳбари маҳфил Қудратулло Мираков иброз дошт, ки яке аз уҳдадориҳои муҳими Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаи фискалӣ мебошад. Яъне, тавассути муайян намудани арзиши гумрукии мол ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми воридоту содироти молу воситаҳои нақлиёт буҷети давлатӣ ғанӣ гардонида мешавад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки арзиши гумрукии мол барои татбиқи пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ, инчунин, ба роҳ мондани тадбирҳои танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

Қайд карда шуд, ки арзиши гумрукии молҳои воридотӣ бо истифода аз шаш усул муайян мегардад:

- тибқи нархи муомилоти моли воридшаванда;

- тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ;

- тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс;

- усули тарҳи арзиш;

- усули ҷамъ кардани арзиш;

- усули эҳтиётӣ.

Зикр гардид, ки усули асосии муайян намудани арзиши гумрукии мол усуле мебошад, ки ба нархи муомилотии моли воридотӣ асос ёфтааст.

Сипас, оид ба мавзуи мазкур донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-96010102 - таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ Муҳаммад Боев баромад намуда, иброз дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии муайян кардани арзиши гумрукии моли воридотӣ ба низоми андозбандӣ ҷалб намудани мол мебошад. Заминаи асосии ҳисоб намудани боҷҳои гумрукӣ ва дигар андозҳо арзиши гумрукӣ ва ё миқдори мол ба ҳисоб меравад.

Дар қисмати музокира донишҷӯён С. Аҳтамзода, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-960101, С. Раҷабов ва М. Файзуллозода, донишҷӯёни курси 2-юми ҳамин ихтисос андешаҳои худро оид ба мавзуъ баён намуданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА